Мақомоти иктишофии Афғонистон мегӯянд, як шабакаи бамбгузорони маргталабро хунсо кардаанд. Ин шабака масъули 6 ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул, ки тайи 2 соли гузашта анҷом шуда, 20 нафари ғайринизомиро кушта барҷой гузошт, шинохта мешавад. Сухангӯи хадамоти амниятии Афғонистон Саид Ансорӣ гуфт, бо иттиҳоми мушорикат дар иҷрои ин 6 ҳамла 17 нафар боздошт шудаанд. Афроди дастгиршуда марбут ба гурӯҳи дар Покистон асосёфтаи Ҳаракат-ул-Муҷоҳидин ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, як фармондеҳи чирикиҳо дар вилоёти шарқи Афғонистон будаанд.