“Нигоҳ”, ки ин ҳафта дар 24 саҳифа рӯйи чоп омад, сафари раисҷумҳури Русия ба Тошканд дар ҳафтаи гузаштаро на як сафари одӣ, балки “сафари тақдирсоз” гуфтааст. Бештари коршиносон изҳороти Дмитрий Медведевро “қурбонӣ”-и аҳдофи сиёсӣ хонда ва онро “кашфиёти нав” надонистаанд. Нашрия дар матлабе дигар бо номи “Тоҷикистон дар блокада” менависад, ки равобити Душанбеву Маскав сар аз соли 2005 ба сардшавӣ гароид, ки онро ширкати РусАл “ҳадя” овард. Ин ширкати русӣ ба ваъдаи худ, ки дар Тоҷикистон ду корхонаи алюминиюм бунёд ва дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун саҳм мегирад, вафо накард ва бо ҳамин ба муносиботи ҳасанаи Душанбеву Маскав нуқта гузошт.
Аммо “Фараж”дар матлабе бо номи “Алло, Маскав-2” навиштааст, “агар қаблан мегуфтанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ думрави Русия ҳастанд, акнун ин тавр нест. Русия думрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон, шудааст”. Нашрия хулоса мекунад, ки Кремлу Каримов боз забон як мекунанд, тавре ки дар соли 1992 бо ҳам забон ёфта ва забон як карда буданд. Ба навиштаи “Фараж”, он замон барои саркӯбии “фундаметализми исломӣ” ва барои ҷилавгирӣ аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун хуни даҳҳо ҳазор тоҷик рехт”.
“Миллат” ҳам дар матлаби “Вақте ошноҳо бегона мегарданд” навиштааст, ки “ҷанги дохилии Тоҷикистон замоне мумкин гардид, ки мавзеъҳои Тошканд ва Маскав дар қиболи Тоҷикистон ҳамнаво шуд”. Бо ишора ба ин нукта, “Миллат” менависад, ҳоло низ мавзеъи намоишкоронаи Дмитрий Медведев ба манфиати Узбакистон монеъаҳое барои иҷрои тарҳҳои энержии Тоҷикистон дар миён гузоштааст.
“Фараж” ҳам мегӯяд, ки ҳукумати Каримов душмании оштинопазиреро бо пружаҳои энержии Тоҷикистон пеш гирифтааст ва ин бархӯрдҳои номуносиб то кай идома мекарда бошад? Ин нашрия ҳамчунин матлаби сиёсатшинос Давлати Усмонро зери унвони “Кабутари дубома” нашр кардааст, ки ба гуфтаи вай, Русия билкулл нафузи худро дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аз даст надодааст ва ин кишвар метавонад, ки барои одисозии равобити Тошканду Душанбе талош кунад. Дар сурати ғайр, ба қавли Давлати Усмон, Русия эътимодро аз даст медиҳад, ки боиси аз даст додани манофеъаш дар ин кишварҳо хоҳад шуд.
“Тоҷикистон” гуфтааст, ишораи Дмитрий Медведев рӯйи сохтмони Роғун набуд. Ба қавли ин нашрия, Роғун танҳо баҳона аст, баҳонаи сиёсӣ. Зеро ба навиштаи ин нашрия, “агар Роғун ба зарари Узбакистон мебуд, ба ҳич ваҷҳ ҳукумати Шӯравии пешин тарҳи онро тасдиқ ва имзо намекард”.
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки нашрияҳо ҳамчунин мавзӯъи қатъи интиқоли барқи Туркманистон тариқи Узбакистонро ба боди баҳс кашидаанд.
“Asia-Plus” мегӯяд, қатъи интиқоли барқи Туркманистон тариқи Тошканд Тоҷикистонро ба як бӯҳрони энержӣ гирифтор кардааст. Ба гуфтаи ин нашрия, даҳ рӯз мешавад, ки манотиқи Тоҷикистон бидуни барқ мондаанд. Мушти ин нашрия ҳам ба сари Узбакистон мезанад, ки ба иллати муносибати нохубаш бо Тоҷикистон рӯ задааст. “Asia-Plus” ба ин нукта ҳам ишора мекунад, ки иҷрои қарордодҳо миёни ҳукумати ин ду кишвари ҳамсояи ба ҳам наздик аз ҳарчи дигар вазнинтар аст, ки гоҳо мояи бадбахтии мардуми ин ду кишвари “дӯст” арзёбӣ мешавад.

Рахмат ба президентони ду кишвар. Ин ду халки дустро касе чудо карда наметавонад. Онхо садсолахо бо хам зистанду урфу одати ягона доранд. Ислом Каримов барои сардии байни ду халки бародар андохтааш дар таърих садсолахо бо "некй" ёд хохад шуд!!!
Чуба аку сурати Чаноби Рустама монден да ича е мехохен гуенд ки карза Чаноби Рустам дар оянда месупора... Чаноби Рустама мехохонд беобру кунанд баьзехо аммо хамиро Фаромуш накунед ки ин шахсият натанхо сиесат шинос балки ободкор хам аст президент шавад бовар кунед аз падараш хам ободкортару ихтироькортар аст Аллох дар дили ин одам хамаи хубихоро гузоштааст нигох кунед ин ободии шахрро ин навгонихоро ин ихтироькориро натанхо Чаноби Рустам карзхоро меканад балки бо хости Аллох чунон Точикистонро ободтару бойтар месозад, балки Чинро карздор хам месозад.
Душанбе
Агар бар хамаи хамин занхо чойи кор ташкил кунанд онхо хеч гох ба ин рохи фасод намераванд онхо аз мачбури ин корро мекунанд баъзе онхо шавхарошон вафот кардаги аст ва баъзе онхо аз шавхарошон чудо шудаги астанд,бинобар хамин хуб мешуд ки дар конуни ЧТ. Дузанагиро ичозат медоданд то ки ин бевазанхо дар кади куча намемонданд хастанд нафароне ки имконияти дузанагиро доранд.
Ҳар рӯз қонун таҳия кардан даркор нест ҷои кора таҳия кардан даркор мӯҳтарам вакилони дар хоби гарон рафта