Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши манофеъ дар нишасти Будапешт


Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Будапешт, cадоқати худро ба тарҳи Набукко таъкид карданд.

Содиркунандагони газ, ба монанди Туркманистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон гуфтанд, дар барнома ширкат хоҳанд кард. Дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки бунёди лулаи газ аз Осиёи Марказӣ ба Аврупо мавсум ба Набукко тезонида шавад, Бо вуҷуди изҳори хушбиниҳо, ҷаласа ба як суоли асосӣ посух надод, ки пули сохтмон аз куҷо ба даст оварда мешавад.

Ин ҳам дар давраи бӯҳрони молиявии ҷаҳон. Аммо ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки сохтмон ҳамин сол оғоз мешавад. Содиркунандагони газ бозори бузургтар ва даромади молӣ мехоҳанд, давлатҳои Аврупо мехоҳанд, аз вобастагӣ ба гази Русия наҷот ёбанд. Сарвазири Ҷумҳурии Чех, кишваре ки раёсати давраии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, Мирек Тополанек, ки чанде пеш миёнарави гуфтушунид байни Русияву Украин буд, то роҳи гази Русия ба Аврупо боз гардад гуфт:

"Набуко тарҳи дорои аҳамияти аввалиндараҷа барои озодии Аврупост. Бӯҳрони ахири газ ҳамагӣ се ҳафта идома кард, аммо ба иқтисодиёти чандин кишвари Аврупо ва мардуми он таъсири сахт дошт. Миллиардҳо доллар аз даст дода шуд, ва миллионҳо нафар аз сармо азоб кашиданд. Ин нархи баландест, ки мо барои вобастагии энержии худ мепардозем."

Моҷарои газ дар байни Русия ва Украин, ки бархе аз таҳлилгарон ангезаҳои онро сиёсӣ мешуморанд, сабаб гашт, ки тарҳи тақрибан фаромӯшшудаи Набукко дубора сари забонҳо баргардад. Барои ташкилдиҳандагони аврупоии ҷаласаи Будапешт дар марҳилаи феълӣ зарур буд, соҳибони манобеъи газро гирд оваранд, то бори дигар омодагии онҳоро ба интиқоли газ аз масире, ки Русияро канор мегузорад, имтиҳон кунанд. Ширкати намояндагони Туркманистон ва Қазоқистон аломати мусбат дониста шуд ва раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, кишвараш аз пуштибонони деринаи ин тарҳ аст:

"Дар мавриди Набукко, Озарбойҷон ҳамеша аз ин тарҳ пуштибонӣ мекард ва имрӯз мо бори дигар эълом медорем, ки ин пуштибониро идома медиҳем ва изҳороти омодакардаи мо низ далели рӯшан аст."

Ва хулосаи нишаст ин аст, ки ризоияти ҳамаи тарафҳо бори дигар эълон гардид, масири эҳтимолӣ аз тарафи онҳо дар баррасӣ шуда, дар моҳи апрел дар Булғористон ба тасдиқ мерасад ва акнун мушкилтарин масъала, таъмини моли тарҳ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Вале ин бор дар Прага дар моҳи майи имсол.
XS
SM
MD
LG