Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Маскав ва Киев дар масъалаи газ


Украина ва Русия рӯзи душанбеи 19 январ дар Маскав ба созишномаи интиқоли гази Русия ба Украина ва Аврупо имзо гузоштанд.

Владимир Путин ва Юлия Тимошенко, нахуствазирони Русия ва Украина баҳси газро бо имзои як созишнома ҳал карданд. Тибқи он Русия гази худро ба Укроин нисбат ба Аврупо 20 дарсад арзонтар мефурӯшад. Украина ҳаққи убури гази Русияро аз қаламраваш ба Аврупо коҳиш медиҳад. Ин қарордод барои 10 соли оянда имзо шуд ва ба гуфтаи Путин, Украина охирин кишвари шӯравии собиқ буд, ки бо Русия ба равобити комилан бозаргонӣ ворид гашт. Путин батакрор аз шахси Тимошенко дар ҳалли қазия ситоиш кард.

Ҳарду тараф гуфтанд, интиқоли гази Русия ба Аврупо аз сар гирифта шуд. Путин ва Тимошенко баъд аз музокироти худ дар охири ҳафта дирӯз дар Маскав ба тавофуқоти куллӣ даст ёфтанд. Тимошенко баъд аз мулоқоташ бо Путин чунин гуфт: "Музокирот мушкил буд, вале мо ба тавофуқоти умумӣ даст ёфтем ва он имкон медиҳад, ки санадҳо имзо шаванд."

Тавофуқ ду мавзуи ҳассосеро, ки сабаби ба вуҷуд омадани ихтилофҳо буд, дар бар мегирад. Ширкати “Газпром”-и Русия талаб карда буд, ки Укроин газро бо нархи муштариён дар Аврупо, яъне бо 450 доллар барои ҳазор метри мукааб, харидорӣ кунад, ки ин назар бо соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст. Дар навбати худ Украина, ки иқтисодаш вориди бӯҳрон шудааст, мегуфт, ки қудрати пардохти чунин нархро надорад ва мехоҳад Русия барои интиқоли газаш аз қаламрави он кишвар маблағи бештар диҳад.

Тибқи созиши ахир, Маскав розӣ шуд аз нархи аврупоии газ ба Киев 20 дарсад кам кунад, аммо ба шарте, ки Укроин тули як сол нархи интиқоли газро тағйр надиҳад. Аммо шурӯъ аз соли оянда, ба гуфтаи сарвазири Русия Владимир Путин, Укроин нархи бозории газ ва Русия нархи бозории транзити онро пардохт хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки ин созиш бояд ба ҳама баҳсҳо ва иттиҳомоти дуҷониба, ки қариб се ҳафта давом кард, хотима бубахшад.
Ёдовар мешавем, 1-уми январи соли равон Русия интиқоли газ ба Укроинро қатъ кард. Баъд аз шаш рӯз интиқоли газ ба кишварҳои Аврупо аз тариқи Укроин низ қатъ шуд. Баъд аз он, ки ҳафтаи гузашта ҷонибҳо ба назорати транзити газ аз сӯи нозирони Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуданд, Русия газро ба лӯлаҳо сар дод, аммо газ ба кишварҳои Аврупои нарасид.

Русия Украинаро дар эҷоди монеъа дар роҳи транзити газ муттаҳам кард, дар ҳоле ки Украина мегуфт аз он роҳе, ки Маскав газро сар дода наметавонад интиқоли онро таъмин кунад, зеро дар ин сурат баъзе манотиқи Украина аз газ маҳрум мемонанд. Иттиҳомоти дуҷониба ва бозиҳо бо қатъи интиқоли газ Аврупоро дар шигифт гузошта дилсард кард ва садҳо ҳазор сокинони кишварҳо аврупоӣ дар фасли сарди зимистон бе газ монданд.
XS
SM
MD
LG