Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли маҳдудияти бештари нақли барқ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ то се соат дар шабонарӯз маҳдуд хоҳад шуд. Ноиби вазири саноат ва энержии Тоҷикистон, Пӯлод Муҳиддинов дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, коҳиши сатҳи об дар обанбори Норак ва ҳамоно барқарор нашудани интиқоли барқи Туркманистон аз тариқи Узбакистон сабаби тасмиме шудаанд, ки ҳатто мумкин аст, дар пойтахти Тоҷикистон низ лимити барқ ҷорӣ гардад. Агар интиқоли барқи Туркманистон аз сар гирифта нашавад, гуфт ин мансбадори тоҷик, захираи оби Норак барои кори нерӯгоҳ дар миёнаҳои моҳи феврал ба поён хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG