Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои Ҷоизаи Оскар эълон шуданд


Имрӯз рӯихати пурраи филмҳо, ҳунарпешаҳо ва коргардонҳое нашр шуд, ки ба гирифтани Ҷоизаи Оскар пешбарӣ гаштаанд. Филмҳои "Парвандаи ҷолиби Бенҷамин Баттон", "Фрост-Никсон", "Шир", "Хонанда", "Миллионер аз вайрона", ҳунарпешаҳо Ричард Йенкинз, Франк Лангелла, Шон Пен, Бред Пит, Миккӣ Рурк барои Оскар мубориза хоҳанд кард. Филмҳои олмонии "Муҷтамаи Бодер Мейнҳоф", фаронсавии "Синф", ҷопонии "Видоъҳо", австрияги "Интиқом" ва исроилии "Валс бо Башир" номзадҳои беҳтарин филми хориҷиянд.
XS
SM
MD
LG