Русия иттилоъи расонаҳои Озарбойҷон дар мавриди аз сӯи Маскав бо силоҳу техникаи низомӣ таъмин шудани Арманистонро рад кард. Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Русия, иттилоъ дар бораи кумаки низомии Маскав ба Ереван “бардурӯғ ва комилан зиддирусӣ” арзёбӣ шудааст. Қаблан вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон иттилоъи ин расонаҳо дар бораи кумаки низомии Русия ба Арманистон ба маблағи 800 миллион долларро “воқеъӣ” хонда буд. Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, ки ин далел ба ҳалли қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ халал ворид мекунад.Ҳафтаи гузашта вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки Маскав дар робита ба ин мавзӯъ тафтишот анҷом дод ва аммо хабари нашрияҳои Озарбойҷон тасдиқ нашуд.