Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Муборак ба оташбаси билофосила дар Ғазза


Раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак ба оташбаси билофосила ва бидуни қайду шарт дар навори Ғазза даъват кард. Паёми телевизионии Муборак рӯзи шанбе чанд соат пеш аз ҷаласаи кобинаи вазирони Исроил пахш шуд, ки масъалаи эъломи оташбаси якҷониба дар Ғаззаро баррасӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки як намояндаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос, ки навори Ғаззаро таҳти назорат дорад, гуфт, ин гурӯҳ то замони иҷрои талабҳояш ба ҷанг идома хоҳад дод. Ҳамос хостори оташбасест, ки хуруҷи нирӯҳои Исроил ва сабук кардани муҳосираи Ғазза аз ҷониби Исроилро фаро бигирад. Рӯзи ҷумъа Маҷмаъи умумии СММ низ хостори оташбаси билофосила дар навори Ғазза шуда буд. Тайи се ҳафтаи амалиёти нирӯҳои Исроил алайҳи ҷангиёни Ҳамос дар навори Ғазза беш аз 1150 фаластинӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG