Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳони Араб дар бӯҳрон 2,5 триллион $ бой додааст


Вазири хориҷаи Кувайт Шайх Муҳаммад Ал-Саббоҳ гуфт, кишварҳои арабӣ тайи фақат 4 моҳи охир бар асари бӯҳрони саросарии молӣ 2,5 триллион доллар бой додаанд. Вазири Кувайт рӯзи ҷумъа гуфт, кишварҳои нафтхези халиҷи Форс ба далели кӯтоҳ шудани тавонмандиҳои молиашон тақрибан 60 дарсади барномаҳои рушди худро ба таъхир гузошта ва ё ҳатто лағв кардаанд. Қарор аст, раҳбарони 22 кишвари арабӣ рӯзи душанбе дар Кувайт ба нишасти дурӯзаи худ оғоз кунанд. Як мавзӯъи ин ҳамоиш низ роҳҳои муқобила бо бӯҳрони молист, ки ҷаҳони Арабро низ ба ташвиш овардааст.
XS
SM
MD
LG