Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маргу мири мардон дар аҳди хусусигардонӣ


Таҳқиқоти наве дар маҷаллаи тиббии The Lancet-и чопи Бритониё мегӯяд, ҷараёни хусусигардоние, ки дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғози солҳои 1990 ба роҳ монда шуд, боиси афзоиши мавридҳои ҳалокати мардон дар ин қаламрав шудааст. Пажӯҳиш ҳокист, ки хусусигардонии босуръати сохтмонҳои давлатӣ куллан бо афзоиши фоҷеабори мизони бекорӣ ва болоравии ҳодисаҳои ҳалокати мардони 15 то 59-сола вобаста будааст. Яке аз иллатҳои болоравии ҳодисаҳои маргу мири мардон ба афзоиши бадмастии онон бо ҳамон иллати бекорӣ робита мегирад, мегӯяд таҳқиқоти тиббии донишмандони бритониёӣ. Таҳқиқот меафзояд, ки дар миёни солҳои 1991 то 1994 шумори мардон дар Қазоқистон, Русия, Латвия, Литва ва Эстония 42 дар сад афзоиш ёфта, ҳамзамон мизони бекорӣ дар ин кишварҳо 305 % боло рафтааст. Дар қисмати охири ин раддабандӣ кишварҳои Албания, Хорватия, Ҷумҳурии Чех, Лаҳистон ва Словения қарор доранд, чунки дар ин кишварҳо барномаҳои хусусигардонӣ тадриҷӣ ва боэҳтиёт амалӣ шуда инчунин, амнияти иҷтимоӣ қавитар будааст. Ин ҷо мавридҳои ҳалокати мардон дар ҳудуди 10 % ва мизони бекорӣ дар ҳудуди 2 % ба қайд гирифта шудааст. Муҳаққиқони бритониёӣ мегӯянд, ки тибқи ҳисобҳои онҳо дар тӯли ду соли кори барномаи хусусигардонӣ дар қаламрави шӯравии пешин дасти кам 25 дар сади сохтмонҳои азими давлатӣ ба дасти моликдорони хусусӣ гузаштааст.
XS
SM
MD
LG