Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳамла ба Лағмонро маҳкум кард


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон як амалиёти низомӣ ба раҳбарии Амрико дар ҷануби кишварашро маҳкум кард, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар ҷараёни он 17 ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кудакон низ кушта шудаанд. Артиши Амрико мегӯяд, рӯзи сешанбе дар як амалиёт ба зидди тундравон дар вилояти Лағмон 32 нафар, аз ҷумла як зани мусаллаҳ кушта шуд. Ба гуфтаи артиш, ҳеҷ гуна иттилоъе доир ба ҳалокати ғайринизомиён ба онҳо нарасидааст. Ҳомиди Карзай борҳо аз нерӯҳои эътилофӣ хоста буд, то ба ҳалокати ғайринизомиён роҳ надиҳанд, зеро ҳалокати мардуми осоишта мубориза ба зидди тундравонро мушкилтар хоҳад кард. Дар як баёнияи расмӣ, Ҳомиди Карзай ҳамчунин ҷангҷӯёнро маҳкум кард, ки аз мардуми осоиштаро ҳамчун сипар истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG