Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Ҷилавгирӣ аз талоши табаддулоти ҷадид дар Туркия

Пулиси Туркия дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи як талоши сӯъиқасд бо ҳадафи сарнагун кардани давлати кунунии он кишвар ҳудуди 40 нафарро боздошт кард. Яке аз боздоштшудагон генерали дар гузашта баландмақом буда, пулис манзили додситони кулли собиқи Туркия Сабеҳ Канадуғлуро низ ҷустуҷӯ кардааст. Маҳз Канадуғлу соле пеш аз Додгоҳи Олии Туркия бастани ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсиъаро бо иттиҳоми нақзи усули дунявияти давлатдорӣ тақозо карда буд. Аммо Додгоҳи Олӣ ҳизби сарвазир Раҷаб Таййиб Эодуғон ва раисиҷумҳур Абдуллоҳ Гулро танҳо ҷарима андохта, аз манъи расмии фаъолияти он худдорӣ кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Марди муттаҳам ба қатли Руфайдаи 8-сола "ба ҳабси абад маҳкум шуд"

Руфайда Иноятова севуним моҳ пеш кушта шуд

Волидони Руфайда Иноятоваи 8-сола гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо дар қатли фарзанди онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Додгоҳи олӣ то ҳол дар ин бора расман хабар надодааст. Шарҳи пайвандон ва вакили мудофеи Гадоев низ дастрас нест. Маълум нест, онҳо аз рӯйи ҳукм шикоят мебаранд ё не.

Валиҷон Иноятов, падари Руфайда Иноятова, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 19-уми октябр эълон шуд. Вай гуфт, ҳақ надорад, дар бораи мурофиаи додгоҳӣ ҷузъиёт диҳад, вале ҳамзамон афзуд: "Танҳо ҳаминро мегӯям, ки аз ҳукми додгоҳ розием. Талаби мо аз аввал ҳамин буд, ки ин шахс ба ҳабси абад маҳкум шавад."

Назари ҷониби дигар то ин дам дастрас нест. Ба сабаби пӯшида будани мурофиаи додгоҳӣ хабарнигоронро роҳ надоданд ва, аз ин рӯ, маълум нест, Раҳматулло Гадоев ва вакили мудофеаш дар додгоҳ чӣ гуфтаанд.

Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Руфайда Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тобистони имсол аз назди манзилашон нопадид шуд ва пас аз як рӯз ҷасади порашудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр карда шавад.

Дар ин миён баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, афроде, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғон даст мезананд, бояд ба қатл маҳкум шаванд. Бархе дигар гуфтанд, бо баҳонаи қатли ноболиғ бозгардондани ҳукми қатл ба кишвар дуруст нест ва мақомот бояд роҳҳои дигари ҳалли мушкилро пайдо кунанд.

Омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон маълум нест. Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ин аст, ки на ҳама сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидани фарзандонашон расман шикоят мекунанд.

Матбуот: Дар ИМА гирифтани воксинаи фарқкунандаи сеюмро иҷоза хоҳанд дод

Идораи ғизову дорувори ИМА (FDA) омода аст, ки ба шаҳрвандони ин кишвар иҷоза диҳад, ки ҳангоми гирифтани воксинаи сеюми тақвиятдиҳанда аз воксинаи фарқкунанда аз ду воксинаи пешин истифода кунанд. Дар ин бора рӯзи 18-уми октябр нашрияи The New York Times хабар дод. FDA моҳи гузашта барои афроди аз 65-сола болои пурра эмшуда гирифтани воксинаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро ҳамчун воксинаи сеюм иҷоза дод. Инчунин гирифтани воксинаҳои ширкатҳои Moderna ва Johnson & Johnson барои тақвияти муқовимати организм дар муқобили коронавирус машварат шудааст.

Айни замон, ба навиштаи ин матлаб, ҳукумати ИМА машварат намедиҳад, ки як воя воксина аз болои дигараш қабул шавад ва агар имкон бошад, беҳтар аст, ки воксинаи сеюми тақвиятдиҳанда айни аз ҳамон навъи ду воксинаи пешина бошад. Маълум нест, ки эълони расмии FDA как садо медиҳад.

Дар Санкт-Петербург маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 сахттар мешаванд

Дар оромгоҳҳои Русия шумори гӯрҳои нави қурбониёни коронавирус афзоиш меёбад

Дар пешорӯи афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус мақомоти Санкт-Петербург, дуюмин шаҳри калонтарини Русия маҳдудиятҳои иҷтимоиро сахттар мекунанд. Дар миёни тадбирҳои нав зарурати доштани маълумотномаи сиҳҳатӣ зикр шудааст, ки барои ворид шудан ба маъракаҳои серодам зарур мешавад. Борис Пиотровский, муовини раиси шаҳр гуфт, ки шурӯъ аз 1-уми ноябр ба ҳангоми ворид шудан ба варзишгоҳу муассисаҳои фарҳангӣ, ки дар як вақт ҳузури беш аз 40 нафарро пешбинӣ мекунад, доштани QR-коди вазъи сиҳҳатии шахс ҳатмӣ мешавад.

Аз 15-уми ноябр маҳдудиятҳо инчунин дар ҳавзҳои оббозӣ, фитнес-сентр, театру синамо, музей ва сиркҳо ҷорӣ мешавад. Шурӯъ аз 1-уми декабр маҳдудиятҳо дар тарабхонаву фурӯшгоҳҳои ин шаҳри макони зисти 5 миллион аҳолӣ ҷорӣ мешавад. Маҳдудиятҳо ба қаҳвахонаҳои ҷойгиршуда дар истгоҳҳо, дорухона ва ҳам дӯконҳои хӯрокворӣ рабт нахоҳад дошт.

Баъди Маскав дар Санкт-Петербург шумори гирифториҳои нав ба коронавирус дар ҳоли афзоиши босуръат мебошад. Дар ин шаҳр дар 24 соати гузашта 3100 нафари нав ба коронавирус гирифтор шуданд ва аз замони оғози пандемия шумори беморшудаҳо 667 ҳазор ва ҳодисаҳои марг 22 ҳазору 964 нафарро ташкил додааст.

Мақомот дар Русия мегӯянд, бо вуҷуди дастрас будани воксинаҳои зидди коронавирус, танҳо 32 дарсади аҳолӣ зидди COVID-19 эм шудааст ва ин масъала боиси афзоиши бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад.

Истеъфои Халилзод аз мақоми фиристодаи ИМА дар Афғонистон

Залмай Халилзод дар доираи салоҳиятҳояш борҳо бо мақомоти Тоҷикистон ҳам дидору гуфтугӯ кардааст

Баъди аз Афғонистон берун шудани нирӯҳои ғарбӣ, Залмай Халилзод ҳам аз мақоми фиристодаи аршади ИМА дар ин кишвари ҷангзада канор рафт. Дар як изҳороташ рӯзи 18-уми октябр котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, Халилзод, ки пеш аз дар Афғонистон сари қудрат омадани “Толибон”, музокиротро бо ин гурӯҳи исломӣ ба роҳ монда буд. Ҷои Халилзоди 70-соларо дар ин мақом Томас Вест ишғол мекунад.

Халилзод дар номаи истеъфояш аз корҳои кардааш ҳимоят кард ва айни замон эътироф кард, ки бархе корҳоеро, ки мехост, иҷро карда натавонист. Ӯ дар номааш ба Блинкен, аз ҷумла, навишт: “Машваратҳои сиёсии миёни ҳукумати Афғонистон ва “Толибон”, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, пеш нарафт”. Ӯ афзуд: “Далелаш печида аст ва ман дар рӯзу ҳафтаҳои наздик назарамро дар ин бора иброз медорам”. Томас Вест, ки ба ҷои Халилзод таъин шудааст, дар даври охири музокирот бо “Толибон” дар Қатар ҳайати ИМА-ро намояндагӣ кардааст.

Ҳукми муттаҳам дар қатли Руфайдаи 8-сола эълон мешавад

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи муттаҳам дар қатли Руфайдаи 8-соларо ба анҷом расондааст. Дар назар аст, ки ҳукми додгоҳ имрӯз эълон шавад. Мурофиа паси дарҳои баста гузашт ва ҳеч тарафе дар бораи ҷузъиёти он намехоҳанд суҳбат кунанд.

Як ширкатдори мурофиа бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта додгоҳ сухани охирини айборшаванда ва вакили дифои онҳоро шунид ва ба хонаи машваратӣ рафт. Додрас гуфтааст, имрӯз 19-уми октябр ҳукми худро эълон хоҳанд кард.

Руфайдаи Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 4 июли соли равон аз назди манзилашон нопадид шуд ва як рӯз баъд ҷасади пора-пора шудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд. Дар қатли ин ноболиғ ҳамсояи 30-солаи онҳо Раҳматулло Гадоев гумонбар дониста мешавад. Аммо бо гузашти сеюмин моҳ аз ин ҳодиса назари Гадоев ва вакили дифоаш ба ин қазия то ҳол маълум нест.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр шавад.

ИМА барои мубориза бо COVID-19 ба Қазоқистон $2,4 миллион медиҳад

ИМА тавассути Оҷонсии Амрико дар умури рушди байналхалқӣ (USAID) эълом кард, ки ба Қазоқистон барои мубориза бо COVID-19 дар ҳаҷми 2,4 миллион доллар кӯмак мерасонад.

Дар ин бора рӯзи 18-уми октябр дар сомонаи сафорат ва консулгарии ИМА дар Қазоқистон иттилоъ дода шудааст.

Аз ибтидои вабои коронавирус ИМА ба Қазоқистон бештар аз 6,8 миллион доллар кӯмак расонидааст.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Қазоқистон, USAID бештар аз 5 ҳазор корманди соҳаи тибро барои мубориза бо коронавирус омӯзиш додааст.

Президенти Ҷумҳурии Чех ба далели носиҳатӣ метавонад, аз ваколатҳояш маҳрум шавад

Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чех дар ҳоли ҳозир қодир ба иҷрои ваколатҳояш нест ва эҳтимоли дубора ба кор баргаштанаш низ хеле кам аст.

Ин иттилоъро Бемористони марказии низомии Чех нашр кард, ки Земан бештар аз як ҳафта онҷо бистарӣ аст. Раиси палатаи болоии порлумони Чех Милош Вистрчил гуфт, дар чунин вазъият чорае ҷуз интиқоли ваколатҳои президент ба роҳбарони дигар боқӣ намемонад.

Раиси Сенати Чех гуфт, Земан аз ваколатҳояш маҳрум намешавад, балки ваколатҳои вай, бар асоси талаботи Конститутсия, муваққатан ба роҳбарони дигар дода мешавад.

Аммо атрофиёни Земан мегӯянд, президент, сарфи назар аз бемориаш, метавонад кор кунад ва ин мухолифони президент ҳастанд, ки мехоҳанд, ӯро аз мақом барканор кунанд.

Президент Земан бештар аз як моҳ аст, ки дар миёни мардум дида нашудааст. Вай баъди интихоботи порлумонӣ бистарӣ шуд.

Барои интиқоли ваколатҳои президент бояд ҳар ду палатаи порлумони Чех раъй диҳад. Дар сурати анҷом шудани ин кор, ваколатҳои президент байни сарвазир ва раиси палатаи поёнии порлумон тақсим мешаванд. Ба ин тартиб, раиси порлумон сарвазири навро таъйин мекунад. Эҳтимол аст, сарвазири Чех аз мухолифони Земан таъйин шавад, ки дар интихоботи ахири порлумонӣ пирӯз шуданд.

Навъи бемории Земанро ошкор намекунанд, зеро қонунгузории Чех талаб мекунад, ки барои ошкор кардани он ризояти бемор пурсида шавад. Расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки Земани 77-сола аз дарди ҷигар ранҷ мекашад.

Узбекистониҳоеро, ки воксини чиниву узбекӣ гирифтаанд, ба ҳаҷҷи умра роҳ намедиҳанд

Шаҳрвандони Узбекистонро, ки воксини зидди коронавирус - истеҳсоли муштараки Узбекистон Чинро гирифтаанд, барои адои ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ роҳ надоданд.

Гуфта мешавад, воксини муштараки Чину Узбекистон ZF-UZ-VAC2001 дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сабт нашудааст ва ба ҳамин далел дар Арабистони Саудӣ эътироф намегардад.

Сомонаи иттилоотии Podrobno.uz навишт, мақомоти Узбекистон барои эътирофи воксини мазкур бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд.

Нурмат Отабеков, як мақомдори Хадамоти беҳдоштии Узбекистон гуфт, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти воксини муштараки Узбекистону Чин ба Созмони тандурустӣ ирсол шудааст.

Пештар аз ин мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, шаҳрвандони Узбекистон дар сурати гирифтани яке аз воксинҳои аз сӯи Созмони тандурустӣ эътирофшуда, метавонанд, ба адои ҳаҷҷи умра ба он кишвар раванд.

Дар вилояти Таласси Қирғизистон кирокашҳо эътироз карданд

Дар вилояти Таласи Қирғизистон рӯзи 18-уми октябр бештар аз 30 ронандаи кирокаш ва мошинҳои боркашонӣ назди бинои ҳукумати вилоят гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.

Онҳо талаб доранд, нисбати сокиноне дар масири Талас - Тароз - Суусамир чораҷӯӣ шавад, ки чорвояшон рӯи роҳ мебарояд. Ронандагон ҳамчунин талаб доранд, ки дар ин масир шабона чароғҳои роҳ хомӯш карда нашавад.

Раиси вилояти Талас Бакитбек Норбеков ба ронандагон ваъдаи баррасии ин масъаларо дод.

Рӯзи 15-уми октябр дар шоҳроҳи Суусамир-Талас дар як садама 8 кас кушта шуд.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, аз моҳи январ то августи соли 2021 дар Қирғизистон 4637 садамаи нақлиёт сар задааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30% бештар аст. Дар садамашои соли ҷорӣ 497 кас фавтида наздики 7 ҳазор кас маҷруҳ шудааст.

Рӯзноманигори узбек Бобур Ғаниев озод шуд

Бобур Ғаниев

Рӯзноманигори узбек Бобур Ғаниев баъди 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ озод шуд.

Ғаниев дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, мегӯяд, ӯро озод карданд ва ҳоло дар хонааш қарор дорад. Рӯзноманигори узбек мегӯяд, баъди табобат фаъолияташро идома медиҳад.

Рӯзи 1-уми октябр Додгоҳи ноҳияи Учтепин рӯзноманигорони сомонаи Taftish.uz Бобур Ғаниев ва Аброр Кузибоев ва ошнои онҳо Обид Салимовро 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ кард.

Додгоҳ рӯзноманигоронро дар таҳқири кормандони умури дохилӣ, итоат накардан ва муқобилият нишон додан ба онҳо айбдор дониста, бар иловаи 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, Ғайниевро 5400000 сӯм (беш аз $500) ва Козубоевро 270 000 сӯм ($25) ҷарима кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, рӯзноманигорони узбек 30-юми сентябр дар ҷараёни "рейди махсус"-е дар кӯчаи "Фарҳод"-и Учтеппаи шаҳри Тошканд, ба фармони кормандони умури дохилии Узбекистон итоат накардаанд.

Он рӯз кормандони пулис мошини Кузибоевро боз доштаанд, ки дар дохили он Ғаниев ва Салимов низ буданд. "Ғаниев ва Салимов бо телефонҳои худ корманди пулисро ба навор гирифта, Кузибоев ба ӯ суханҳои таҳқиркунанда гуфтааст", - афзудааст манбаъ.

Дар натиҷа кормандони пулис ҳар серо боздошт карда, ба шуъбаи пулиси Учтеппа бурдаанд.

Карзай барои ба расмият шинохтани "Толибон" интихоботро пешниҳод кард, вале...

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, гуфтааст, "Толибон" барои ба расмият шинохта шудан аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ аввал бояд дар дохил қонунӣ эътироф шаванд. Вай дар ин маврид баргузории интихобот ё Лоя Ҷиргаро пешниҳод кардааст.

Карзай ин изҳоротро 17-уми октябр дар мусоҳиба бо “Садои Амрико” баён кард. Ӯ афзуд, Афғонистон дар як нуқтаи ҳассоси таърихи худ қарор дорад ва афғонҳо вазифадоранд, ки “муттаҳид” шаванд ва давлатеро бар асоси "иродаи мардум" эҷод кунанд.

Намояндагони “Толибон”, гурӯҳе, ки дар бисёре аз кишварҳо мамнуъ ва террористӣ аст, мегӯянд, онҳо ҳимояти мардуми Афғонистонро бо худ доранд.

Билол Каримӣ, узви дафтари матбуотии ҳукумати “Толибон”, 18-уми октябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, “ҳукумати “Толибон” аз байни ҷомеа бархоста ва аз ҳимояти комили мардум бархӯрдор аст.”

Каримӣ ҳамчунон дар посух ба дархости баргузории интихобот аз сӯйи Ҳомид Карзай иддао кард, ки “интихоботи низоми пешин бо дурӯғу фиреб пеш мерафт ва машруияти низоми пешина дурӯғин буд.”

Аз замони суқути Афғонистон ба дасти “Толибон” дар 15-уми августи имсол ин гуруҳ ҳанӯз ба таври расмӣ аз сӯи ҳеч кишвар, аз ҷумла Покистон, ки бисёре онро наздиктарин муттаҳиди “Толибон” медонанд, ба расмият шинохта нашудааст.

Қирғизистон нархи доруҳои муҳим барои сокинонро поин бурданист

Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии вазъ дар соҳаи таъминоти доруворӣ таҳти раҳбарии муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон -- раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев ҷаласаеро баргузор кардааст.

Ба огаҳии Девони вазирони Қирғизистон, дар ин ҷаласа, ки соҳибкорон низ иштирок доштанд, масъалаҳои марбут ба таъминоти доруворӣ дар он кишвар баррасӣ гашта, тасмим гирифта шудааст, ки "шеваи таъйини нарх дар бозори доруворӣ тағйир дода шавад ва арзиши доруҳои муҳим барои сокинон поин бурда шавад".

"Ба раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шудааст, то барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ҳаннотӣ дар мавриди таъйини арзиши доруворӣ чораҳои муассир андешанд", - афзудааст.

Дар Девони вазирони Қирғизистон шарҳ надоданд, ки ба раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ кадом дастурҳо дода шудааст.

Кумитаи амнияти Қирғизистон моҳи сентябр хабар дода буд, ки фаъолияти як "мафияи фармасевтӣ"-ро дар он кишвар ошкор кардааст. Ба иттилои кумита, "як гуруҳи ширкатҳо маводи дорувориро аз хориҷ ба Қирғизистон ворид карда, бо нархи ниҳоят гарон ба сокинон мефурӯхтаанд".

Порлумони Узбекистон барои мубориза бо коронавирус 1,3 триллион сӯм ҷудо кард

Порлумони Узбекистон барои мубориза бо вабои коронавирус ва воксинзании сокинон 1,3 триллион сӯм (муодили 120 миллион доллар) ҷудо кард.

Вакилони порлумон ҳамзамон паҳншавии вабои коронавирусро дар он кишвар дар рӯзҳои охир баррасӣ карданд.

Дар буҷаи давлатии Узбекистон дар соли 2021 барои мубориза бо коронавирус ва хариди воксин 3 триллион сӯм ҷудо шуда буд, аммо ин маблағ то ин замон харҷ гардидааст.

Хадамоти беҳдоштии Узбекистон гуфт, дар он кишвар беш аз 2 миллион сокини аз 18-сола боло бояд воксин бигиранд.

То рӯзи 12-уми октбяр ҳамагӣ 3 млн 290 ҳазор кас комилан, 7 млн 240 ҳазор кас ду воя ва 12 млн кас як воя воксин гирифтаанд.

Дидори як ҳайати Қазоқистон бо намояндагони Толибон дар Кобул

Ержан Қозихон ва Абдулғанӣ Бародар

Ҳайати Қазоқистон бо роҳбарии Ержан Қозихон, намояндаи махсуси президенти Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Кобул рафт.

Қозихон бо намояндагони ҳукумати феълии Афғонистон Абдулғанӣ Бародар ва Амирхон Муттақӣ мулоқот кард.

"Дар ин мулоқот масоили расонидани кӯмаки башарӣ ба мардуми Афғонистон ва барқарории равобити тиҷориву иқтисодӣ баррасӣ шуд", - омадааст дар хабари расмии мақомоти Қазоқистон.

Қазоқистон ваъдаи кӯмаки панҷ ҳазор тона ордро ба Афғонистон додааст. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст, омода аст, ки ба Афғонистон воксини зидди коронавирус - QazVac-и истеҳсоли Қазоқистон ирсол кунад.

То кунун мақомоти Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ бо “Толибон” дар сатҳҳои гуногун мулоқот кардаанд. Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати “Толибон”-ро намепазирад ва хоҳони ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар Афғонистон аст. Масъулони “Толибон” ба Душанбе ҳушдор додаанд, ки ба корҳои дохилии онҳо дахолат накунад.

Дороӣ ва тиҷорати ҷиянҳои Бердимуҳаммадов дар Туркманистон

Ду расонаи туркманӣ бо Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) бар асоси маводи "Бойгонии Пандора" нақши ҷияни Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистонро дар содироти карбамиде муайян кардаанд, ки корхонаи давлатии ин кишвар истеҳсол мекунад.

Ин таҳқиқоти расонаҳои мустақили туркмании "Turkmen.news" ва "Gundogar" бо OCCRP рӯзи 14-уми октябр нашр шудааст.

"Карбамиде, ки корхонаи "Гарабогазкарбмид"-и Туркманистон истеҳсол мекунад, тавассути ширкати шубҳанок ва сабтиномшуда дар Шотландия содирот мешавад. Ишқобод барои бунёди ин корхона 1,16 миллиард доллар аз Бонки байналмилалии Ҷопон (JBIC) қарз гирифтааст. Нақши калидиро дар ширкати содиркунанда ҷияни Бердимуҳаммадов Ҳоҷимурод Раҷабов мебозад. Одамоне, ки дар эъломияҳо ҳамчун саҳомони ширкат сабт шудаанд, дар асл барои Раҷабов кор мекунанд. Бар асоси санадҳои расмии ширкат, Раҷабов аз моҳи ноябри соли 2020 молики ширкат шудааст", - навиштаанд муаллифони таҳқиқот Руслан Мятиев, Байрам Шоҳмуродов ва Мэттю Купфер.

Ба ҷуз ин, дар таҳқиқот номи як ҷияни дигари Бердимуҳаммадов ва бародари Ҳоҷимурод Раҷабов -- Шоҳмурод низ зикр шудааст. Шоҳмурод дар фаъолияти ширкате нақши калидиро мебозад, ки бо номи "Delanore" дар Бритониё сабт шуда, бо содироти маҳсулоти нафтию кимиёии корхонаҳои давлатии Туркманистон машғул аст.

Муаллифон дар бораи дороиҳои ин ду бародар низ навиштаанд. Ба иттилои онҳо, бародарон Раҷабовҳо дар Дубай 16 хона доштаанд, арзиши умумии онҳо ба 5,5 миллион доллар мерасад.

Дар гузашта як таҳқиқоти рӯзноманигории дигар низ муайян карда буд, ки ширкати марбут ба Ҳоҷимурод аз воридоти маводи ғизоӣ ба Туркманистон даҳҳо миллион доллар даромад мегирад.

Дар Узбекистон ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки ҳосили шолиашонро фурӯшанд

Дар бархе аз ноҳияҳои Қарақалпоқистони Узбекистон ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки ҳосили шолиашонро аз киштзор берун баранд.

Чанд деҳқон аз Қарақалпоқистон гуфтанд, ки дар роҳ ба сӯи шаҳри Нуқус постгоҳҳои назоратӣ гузошта шудааст ва пулис монеи интиқоли шолӣ мешавад.

"Ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки мустақилона биринҷашонро фурӯшанд. Ба ҳамин хотир постгоҳ гузошта шуда ва аз тиҷорати деҳқонон пешгирӣ мекунанд", - гуфт як деҳқон аз Қарақалпоқистон.

Мақомоти Қарақалпоқистон ин хабарҳоро рад мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои гузашта низ деҳқонон аз эҷоди монеа дар фурӯши ҳосили биринҷашон шикоят карда буданд.

Озмоиши нави мушакии Чин ва бехабар мондани иктишофҳои ИМА

Чин моҳи августи соли равон мушаки мофавқи садоиеро озмудааст, ки метавонад силоҳи ҳастаиро интиқол диҳад. Манбаи "Financial Times (FT)" хабар дод, ки ин озмоиши Пекин иктишофҳои амрикоиро дар ғафлат гузоштааст.

Нашрия менависад, ки мушак дар вақти озмоиш ба ҳадафи шартӣ нарасидааст, вале "пешрафти шигифтангезро дар сохтани мушаки мофавқи садоӣ ба намоиш гузоштааст".

"Мо тасаввур намекунем, ки онҳо ин корро чи гуна анҷом додаанд", - гуфтааст ҳамсуҳбати FT. Манбаи нашрия афзудааст, мушаки мазкур аз нигоҳи назариявӣ метавонад бар Қутби ҷанубӣ парвоз кунад ва ин ба низоми зиддимушакии ИМА, ки ба самти Қутби шимолӣ нигаронида шудааст, мушкил эҷод хоҳад кард.

Дар Пентагон аз шарҳи озмоиши навбатии Чин худдорӣ, вале роҷеъ ба фаъолиятҳои низомии Чин изҳори нигаронӣ карданд. Намояндаи Вазорати дифои ИМА Ҷон Кирбӣ гуфт, имкониятҳои низомии Чин ба "ташаннуҷи авзоъ дар минтақа ва берун аз он мусоидат мекунад".

Хонаводаи Пауэлл даргузашти ӯро тасдиқ карда, вале гуфтанд, "ӯ пурра эм шуда буд"

Акс аз бойгонӣ

Котиби пешини давлатии Амрико, Колин Пауэлл, бар асари бемории COVID-19 даргузашт.

Аъзои хонаводааш рӯзи 18-уми октябр дар паёме дар Фейсбук гуфтанд: "Ӯ пурра эм шуда буд. Мо мехоҳем, ба кормандони Маркази миллии тиббии Волтер Рид барои муолиҷаи ӯ сипос гӯем. Мо ҳамсар, падар, бобои фавқулода дӯстдоштанӣ ва як амрикоии бузургро аз даст додем."

Колин Пауэлл 84 сол дошт ва солҳои 1991, дар замони ҷанги Халиҷ дар аҳди президент Ҷорҷ Буш, ба ҳайси генерали чорситорадор дар мақоми раиси ситоди муштарак кор карда, нерӯҳои ироқиро аз Кувайт берун кардааст.

Пауэлл қаҳрамони ҷанг буд ва дар замони чор президенти ҳам ҷумҳурихоҳ ва ҳам демократ дар мансабҳои калон кор кардааст. Ӯ як ҷумҳурихоҳи муътадил ва амалгаро ё прагматик буд.

Бо вуҷуди корномаи бисёр фавқулодааш, Пауэлл дар ёди бисёриҳо бо суханронии моҳи феврали соли 2003 мемонад. Он замон ӯ гуфт, дар Ироқ силоҳи қатли ом вуҷуд дошта метавонад, вале ин силоҳ ҳеч гоҳ ёфт нашуд ва далелҳое, ки аз онҳо ёд кард, баъдан гоҳ исботи худро наёфтанд.

Матбуот: Собиқ котиби давлатии Амрико аз COVID-19 даргузашт

Колин Пауэлл. Акс аз соли 2016

Котиби собиқи давлатии Амрико, Колин Пауэлл, бар асари бемории COVID-19 даргузашт. Дар саҳифаи расмии ӯ дар Фейсбук бо нашри ин хабар гуфтаанд, "Пауэлл 84 сол дошт". Вай дар гузашта дар мансаби фармондеҳи ситоди муштараки нирӯҳои Амрико ифои вазифа кардааст. Дар ин бора хабаргузори "Рейтерс" низ иттилоъ дод.

Мулоқоти Остин ва Бурчуладзе

Вазирони дифои ИМА ва Гурҷистон - Ллойй Остин ва Ҷавоншер Бурчуладзе

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин, ки дар доираи як сафари минтақавиаш ба кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ вориди Гурҷистон шуд, гуфт, дар пешорӯи “фаъолиятҳои харобкоронаи” Русия мехоҳад пуштибониашро аз Тифлис намоиш диҳад. Баъди дар фурудгоҳи байналмилалии Тифлис поин шуданаш субҳи 18-уми октябр Остин дар саҳифаи Твиттераш навишт: “ИМА ӯҳдадор шудааст, ки дар тақвияти тавонмандиҳои дифоии Гурҷистон ва ҳаракати он ба сӯи ҳамгироии авруатлантикӣ мусоидат кунад ва ман аз мулоқотҳо дар он ҷо интизороти зиёд дорам”. Қарор аст пеш аз расидан ба ҷаласаи вазирони дифои узви кишварҳои НАТО, ки рӯзҳои 21-22 октябр дар шари Брюссел баргузор мешавад, Остин инчунин ба Украина ва Руминия ҳам сафар кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Пентагон ба Гурҷистон баъди соли 2014 мебошад. Дар Тифлис Остинро вазири дифои Гурҷистон Ҷавоншер Бурчуладзе ва сафири ИМА Келли Дегнан пешвоз гирифтанд.

Як мақоми баландпояи вазорати дифои ИМА як рӯз пеш аз ин гуфт, “Мо соҳибихтиёрии кишварҳоеро итминон ва тақвият медиҳем, ки дар сафи пеши таҷовузи Русия қарор доранд”.

Сафари мазкур мавриди истиқболи раҳбарияти Гурҷистон қарор гирифтааст, чун як ормони Тифлис узвияти комил дар паймони низомии НАТО мебошад. Гурҷистон як шарики ин эътилофи ғарбӣ ба шумор меравад.

Соли 2008 Гурҷистон ва Русия давоми панҷ рӯзи моҳи август вориди ҷанг шуданд ва аз он замон то имрӯз нирӯҳои Русия дар минтақаҳои Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон боқӣ мемонанд. Ин ду минтақа истиқлолияти худро аз ҳайати Гурҷистон эълон кардаанд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ инро ба расмият нашинохтааст. Маскав тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки Гурҷистон ба узвияти НАТО шомил нашавад.

Шикояти муҳоҷирон аз рейдҳои саросарӣ дар ду шаҳри бузурги Русия

Акс аз бойгонӣ

Тӯли ду рӯзи ахир, ба дасти Радиои Озодӣ чандин навори баргузории рейдҳои густурда дар пойтахти Русия, вилояти Маскав ва шаҳри Санкт Петербург расид. Муҳоҷирони тоҷик дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки бо вуҷуди доштани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошту ҳатто то ду шабонарӯз дар шӯъбаҳои пулис нигоҳ дошта шуданд.

Ба қавли мусоҳибон, ҳамаи онҳоро 5 300 рубл русӣ ҷарима кардаанд. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои русӣ аз боздошти беш аз 100 муҳоҷири корӣ дар сохтмони Истра навиштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, рейд бидуни эълони пешакӣ сурат гирифтаву, кормандони сохтмон талоши фирор кардаанд. Вале пулис онҳоро дастгир ва аснодашонро тафтиш намудааст. Теъдоде аз муҳоҷирон ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур дошта, бархе ҳам бидуни патент кор мекардаанд. Ҳамаи онҳоро ҷарима кардаанд.

Зимнан дар Тоҷикистон низ талош доранд муҳоҷирони ғайриқонуниро ошкор кунанд. Бо ин ҳадаф дар вилояти Хатлон аз 11 -ум то 18- уми октябр зери унвони “Нелегал “ санҷишҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ идома доранд.

Амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти интизомиву амниятӣ ва хадамоти муҳоҷират ба хотири тафтиши ҳуҷҷатҳои тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору зиндагӣ мекунанд сурат мегирад.

Оҷонсӣ аз боздошти як корманди комиссариат хабар дод

Дар шабу рӯзе, ки дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии давъат ба артиш ҷараён дорад, Оҷонсии зидди фасод аз аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбӣ хабар дод.

Ба навиштаи Оҷонсӣ, Раҷабалӣ Дӯстов, сардори мухобироти махфии яке аз комиссаритяҳои ҳарбӣ барои озод кардан аз хидмати ҳарбӣ ришва хостааст. Оҷонсӣ мегӯяд, гумонбар зимни гирифтани 22 ҳазор сомонӣ аз бародари ҷавони даъватшаванда ба даст афтодааст.

Назари Раҷабалӣ Дӯстов ва вакили дифои ӯ дар ин бора дастрас нест. Дақиқ нест, ки ӯ то куҷо иттиҳомро қабул кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, алайҳи ин корманди комиссариат бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз кардаанд. Ин моддаи қонун 8 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

САҲА гуфт, ҷудоиталабони украинӣ ҳаракати онҳоро маҳдуд кардаанд

21 ноябри соли 2017. Акс аз шаҳри Луҳанск дар шарқи Украина аз ҷониби ҳайати САҲА бардошта шудааст

Ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина намегузоранд, ки аъзои гурӯҳи нозирони САҲА, ки дар шарқи Украина аз оташбаси ҳассос дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабон назорат мекунанд, қароргоҳи худро тарк кунанд. Онҳо шарт гузоштаанд, ки як узви боздоштшудаи ҷудоиталабон аз дасти украиниҳо озод шавад.

Ҳайати вижаи нозирони САҲА аз соли 2014 дар минтақаи марзӣ мустақар шуда, вазъи амниятӣ дар вилоятҳои шарқии Донетск ва Луҳанскро назорат мекунанд ва ҳам барои ташкили музокироти миёни нирӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия миёнҷигӣ мекунанд. Дар давоми ҷангҳои миёни ин ду тараф дар ҳафт соли охир 13200 нафар кушта шудаанд. Бо ин ки аз июли соли 2020 як оташбаси бисёр ҳассосе амал мекунад, ҳар сари чанд вақт дар минтақа низоъҳои ҷудогонае миёни намояндагони ду ҷониб сар мезанад.

Рӯзи 18-уми октябр гурӯҳи нозирони САҲА бо нашри изҳороте гуфтанд, таваққуфгони мошинҳои ин ҳайат, ки дар шаҳри Ҳорливка (Горловка)-и минтақаи зери назари ҷудоиталабони Донетск ҷойгир мебошад, бо занҷиру қулф баста шуд. Мудири меҳмонхонае, ки дар он ба истилоҳ аъзои патрули хати пеш қарор дорад, ба кормандони САҲА хабар дод, ки бо як амри шаҳрдори Ҳорливка онҳоро аз ҳақи тарк кардани макон маҳрум намуданд. Баъди ин ба кормандони САҲА гуфта шуд, ки танҳо баъди озод шудани як афсари боздоштшудаи онҳо ин ҳайат озод мешавад. Назари ҷудоиталабон ба ин қазия дастрас нест.

Онҳо иддао кардаанд, ки афсар Андрей Косяк ҳафтаи гузашта аз ҷониби низомиёни украинӣ дар наздикиҳои хати ҷанг боздошт шуд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ бо назорати оташбас машғул буд. Вале вазорати дифои Украина гуфт, ки Косяк як узви низомиёни рус аст, ки кораш аз ҷосусии махфӣ иборат будааст.

Ҳайати нозирони САҲА тақозо карданд, ки ҳаракати озоди аъзои ин тим таъмин шавад.

Низоъ дар шарқи Украина баъди он сар зад, ки Маскав нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кори Русияро маҳкум намуд.

Писарбачаи 12-соларо, ки дар як мактаби Русия тир кушод, боздошт карданд

Донишгоҳи Перм, баъди ҳамлаи мусаллаҳона, ки 6 касро кушта бар ҷой гузошт. Сентябри соли 2021

Дар шаҳраки Сарси минтақаи Урали Русия сохторҳои ҳифзи қонун писарбачаи 12-солаеро боздошт карданд, ки дар дохили як мактаб аз силоҳи оташфишон тир кушодааст. Ин ҳодиса як моҳ баъди ҳамлаи мусаллаҳонае дар донишгоҳи маҳаллӣ рух медиҳад, ки чандин кушта бар ҷой гузошта буд. Полиси минтақавии Перм гуфт, ки субҳи 18-уми октябр наврасе силоҳи шикории падарашро ба мактаб оварда пеш аз шурӯи дарсҳо ду бор ба девори мактаб тир холӣ кард. Дар ин ҳодиса ҳеҷ нафаре осеб надидааст, вале мақомот билофосила беш аз 300 хонандаву 30 омӯзгорро ба берун бароварданд. Мақомоти вилояти Перм гуфтанд, ки раиси мактаб писарбачаро водор кард, ки даст аз тирандозӣ бардораду силоҳро таслим кунад.

Рӯзи 20-уми сентябр як ҷавони мусаллаҳе дар Донишгоҳи давлатии таҳқиқоти илмии Перм оташ кушод ва дар натиҷа шаш нафар куштаву 28 кас захмӣ шуданд. Полис тавонист, ки ҳамлагар - ҷавони 18-сола Тимур Бекмансуровро захмӣ карда баъдан ӯро боздошт намояд.

Дар гузашта дар мактабҳои Русия ҳодисаҳои тиркушоӣ хеле кам рух додааст, вале дар солҳои охир рӯ ба афзоиш овардааст.

Консули тоҷик барои табрики мавлуди Паёмбар ба масҷиди Екатеринбург рафт

Ба Зафар Сайидзода китоби Қуръон тақдим карданд

Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндаи Вазорати меҳнату муҳоҷират 17-уми октябр ба як масҷиди шаҳри Екатеринбург рафта, намозгузоронро ба рӯзи мавлуди Паёмбари ислом табрик гуфтаанд. Дар масҷиди ҷомеи ба номи "Имоми Аъзам Абӯҳанифа" аксаран тоҷикистониён намоз мегузоранд.

Дар хабарномаи Консулгари генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург омадааст, зимни дидор бо намозгузорон, ҳамчунин дар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва гуруҳҳои террористиву экстремистӣ сӯҳбат шудааст.

"Дар поёни сӯҳбат Имом--хатиби масҷид Раҳмуддин Ғиёсов ба Консули генералӣ ва намояндаи Вазорати, меҳнат аз номи ибодатгарони тоҷик Қуръони маҷидро туҳфа намуд,"-омадааст дар хабари расмӣ.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG