Рамазон Есергепов-рузноманигори мустақили қазоқ ва сардабири "Ҳафтаномаи хабарии Алмаато" дар шаҳри Тароз ба зиндон афканда шудааст. Вай рузи сешанбе дар Алмаато боздошт шуд. Афарони Кумитаи Амнияти Миллии Қазоқистон вайро дар бемористоне боздошт кардаанд. Вай дар он ҷо аз бемории дил муъолиҷа мегирифт. Анна Пахота-вакили мудофеъи рузноманигор ба радиои Озодӣ гуфт, Рамазон рузи чаҳоршанбе гурснанишинӣ эълон кардааст. Мақомоти Қазоқистон Рамазонро муттаҳам мекунанд, ки вай дар мақолае сирри давлатиро ошкор кардааст. Вале дар мақола аз ришвахории мақомот нукоте оварда шуда буд.