Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширин Ибодӣ аз бойгонияш дифоъ кард


Ширин Ибодӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел изҳор намуд, ки рӯзи душанбе идораи адвокатии ӯ дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки панҷ мард худро кормандони хадамоти андоз муаррифӣ карда санаде пешниҳод намуданд, ки ба онҳо барои мусодираи компутар ва бойгонии идораи хонум Ибодӣ иҷоза медод. Ва аммо хонум Ибодӣ бо такя ба меъёрҳои ҳифзи асрори адвокатӣ аз иҷрои талаби онҳо сарпечӣ намуд.

Рӯзи 21 декабр мақомоти Эрон Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башарро, ки яке аз поягузоронаш хонум Ширин Ибодӣ буд, бо далели надоштани иҷозаи фаъолият бастанд.

XS
SM
MD
LG