Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ҷомеъаи Арабӣ хостори музокира бо Ирон аст


Амр Мусо-Дабири Кулли кишварҳои Ҷомеъаи Арабӣ гуфт, вақти музокироти Арабу Ирон фаро расидааст ва ин музокирот бояд "ҳамаи масъалаҳоро фаро гирад". Амр Мусо ба рузноманигорон гуфтааст, бояд ҳамаи ихтилофҳо ҳал шавад, зеро "Ирон кишвари муҳимест". Вай ҳамчунин ҳушдор додааст, ки арабҳо набояд ба ирониён ва хориҷиён иҷоза диҳанд, ки "дар бораи сарнавишти минтақа" тасмим бигиранд. Бисёре аз кишварҳои арабӣ аз нуфузи Ирон бар Ироқ, бар гуруҳҳои тундрави шиъаи Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва бар тундравҳои фаластинии Ҳамос нигаронанд.

XS
SM
MD
LG