Қарор аст имруз Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ аз Туркия боздид кунад. Интизор меравад, ки музокироти вай аслан ба тундравҳои ҷудоихоҳи Ҳизби Коргарони Курдистон ё Пи Кей Кей ихтисос дода шавад. Ин ҳизб дар Шимоли Ироқ пойгоҳ дорад ва барои ба даст овардани мухторият аз Туркия дар шимоли шарқи ин кишвар мубориза мекунад. Абдуллоҳ Гул-раиси ҷумҳури Туркия дируз ишора кард, ки баъд аз ба таъхир андохтани боздидаш аз Ироқ дар авоили моҳи ҷорӣ ба сабаби дарди гуш ба зудӣ аз Ироқ боздид хоҳад кард.