Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони ИА бо гармшавии иқлим мубориза мебаранд


Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ИА) аз маҷмӯи чораҳо барои мубориза бо гармшавии иқлим пуштибонӣ карданд. Жозе Мануэл Баррозо, раиси Комиссиюни Аврупо баъд аз анҷоми ин нишаст дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт: “Баъди қабули тағйирот мо кафолат додем, ки ба 20 дар сад коҳиш додани партоби газҳои гулхонаи то соли 2020 муваффақ мешавем. Мо ҳамчунин кафолат додем, ки самаранокии нерӯи энерҷиро 20 дар сад боло хоҳем бурд”.

Дар нишасти дурӯзаи раҳбарони кишварҳои узви ИА дар Брюссел ҳамчунин мавзӯъи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва роҳҳои наҷот аз он баррасӣ гардид. Тасмим гирифта шуд, ки ба хотири кумак ба иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо 200 миллиард евро ҷудо карда шавад.
XS
SM
MD
LG