Мақомҳои низомии Амрико мегӯянд, бо давлати Ироқ бар сари раҳо кардан ва ё ба мақомоти маҳаллӣ таҳвил додани маҳбусони ироқие, ки дар боздоштгоҳҳои таҳти назорати нирӯҳои Амрико дар Ироқ ба сар мебаранд, тавофуқ ба даст омадааст. Ин раванд бояд аз оғози соли 2009 шурӯъ шуда, ҳар моҳ ба мақомоти ироқӣ таслим кардани то 1500 маҳбусро дар назар дорад. Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Ироқ Баҳром Солеҳ аз пайомадҳои раҳоии ҷангиёни собиқ ҳушдор дода, гуфтааст, бархеи онҳо метавонанд ба фаъолиятҳои чирикӣ баргарданд.