Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи шашуми эътирозҳо дар Юнон


Тазоҳуроти эътирозии донишҷӯён дар Юнон рӯзи шашум аст, ки идома дорад. Эътирози донишҷӯён дар Афина, пойтахти Юнон, имрӯз низ ба даргирӣ бо нирӯҳои пулис печид. Аз тири нирӯҳои пулис кушта шудани як наврас дар рӯзи шанбеи гузашта ба мавҷи эътирозҳое дар Юнон оғоз гузошт, ки ин кишвар аз соли 1974 ба ин сӯ ёд надорад. Сарвазири Юнон Костас Караманлис ахиран дар як паёми телевизионӣ дифоъ аз шаҳрвандони Юнонро ваъда супурда, пардохт кардани хисороти ворида ба муассисоти тиҷоратӣ тайи 5 рӯзи беназмиҳоро пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG