Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Саид Аҳмадов ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода


Нимаи моҳи гузашта Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ва собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, дар номае ба унвони вазири маориф аз таҳрифу ҳатто таҳқири Ислом дар китобҳои дарсии таърих изҳори ташвиш карда буд.

Баҳси Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо вазорати маорифи Тоҷикистон дар ҷомеъа сарусадои зиёде ба по кард ва то ҳол аз мавзӯъҳои вирди забони маҳофил боқӣ мемонад. Аммо худи муаллифони китобҳои дарсии таърих ба баҳси бархоста чӣ назар доранд? Ба хотири пайдо кардани посухи ин суол пойи сӯҳбати Саид Аҳмадов нишастем, ки яке аз муаллифони китоби “Таърихи дин” ва собиқ раиси Кумитаи дин буда, эродҳои оқои Тӯраҷонзода ба ӯ ҳам тааллуқ мегиранд:

Посух: Ба таври куллӣ навиштани китобҳои дарсӣ вазифаи аслии рӯҳоният нест, агарчи шахсони барҷастае аз миёни рӯҳониён низ метавонанд китоб таълиф кунанд. Яъне, илм озод аст. Аммо онро куллан вобастаи як гурӯҳ кардан нашояд. Ҳамингуна гурӯҳбандӣ ва мамнӯъият дар мавриди эҷоди асарҳои таърихӣ ва илмӣ метавонад боъис ба ҷудоӣ миёни уламо гардад. Аз тарафи дигар, даъвои домулло Тӯраҷонзода ҳам ҷон дорад, ки бояд воқеъаҳои таърихӣ бидуни таҳриф баён шаванд.

Пурсиш: Устод, оё дар замони баҳсу баррасии ин гуна китобҳои марбут ба таърихи адён, аз ҷумла таърихи дини Ислом, дар вазорати маориф рӯҳониён низ ширкат мекунанд, ё на?

Посух: Танҳо баъд аз соли 2000 ҳангоми баҳси китобҳои дарсии марбут ба адён дар Тоҷикистон як гурӯҳи кӯчаки рӯҳониён ширкат мекунанд. Вале дар маҷмӯъ, аксар рӯҳониёни мо дар баҳсҳо фаъол нестанд. Ҳич кас иштироки рӯҳониён ба ҳангоми баҳси китобҳоро манъ накардааст. Баръакс, бештари онҳо даъват мешаванд, аммо ба баҳс намеоянд. Шояд ба ин далел, баъзе нукоте, ки ба андешаи рӯҳониён мувофиқ нест, дар китобҳо ҷой гирифтаанд.

Пурсиш: Аслан ин китобҳои дарсии таърих аз рӯйи кадом манбаъҳо таълиф мешаванд: аз рӯйи манобеъе, ки дар замони Шӯравӣ буданд ё манбаъҳои дигар? Зеро, таври маълум, Шӯравӣ барои ҳамеша аз номи Худову расул фосила мегирифт...

Посух: Шояд таъсири идеологияи атеистӣ ҳанӯз дар тафаккуру андешаи бархе аз олимон боқӣ монда бошад. Вале сухан ин ҷо дар бораи китоб меравад. Масалан, китобҳое, ки барои тарғиби идеологияи марксистӣ навишта мешуданд, ҳатман дар онҳо як андоза таҳрифу беэътиноӣ ва беҳурматӣ нисбат ба дин вуҷуд дошт. Кӯшиш мешуд, ки ақидаи динӣ рад карда ва ба ҷойи он ақидаи коммунистӣ тасдиқ ёбад. Вале дар ин солҳои ахир аксар олимони мо ба сарчашмаҳои арабӣ ва сарчашмаҳои исломӣ рӯ меоранд. Ва гуфта ҳам намешавад, ки мо фақат аз як сарчашма истифода мекунем. Зеро илм бояд ҷанбаъҳои мухталифро фаро гирад ва аз ҳамаи онҳо як хулосаи умумӣ бароварда шавад. Китоби “Таърихи дин”-ро, ки ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода барои “мавқеъи ғайриисломӣ”-яш танқид кардааст, ин тавр нест. Агар мо худи китобро бинем, акси ин ҳолро нишон медиҳад. Шояд баъзе аз ривоёт, ки оварда шудаанд, маъмул набошанд ва ё то андозае дуруст баён наёфтаанд. Ин масъала буда метавонад. Вале ба таври куллӣ нигоҳе, ки ин ҷо ҳаст, нигоҳи як фарди мсулмон аст, на фарди атеисту мулҳид.

Пурсиш: Бубинед, дар номаи ҷаноби Тӯраҷонзода даъват шудааст, ки “таҳқири Ислом бас шавад”. Ба ин фикр то куҷо розӣ ҳастед. Оё, воқеъан ҳам, дар ин китобҳои дарсии таърих Ислом таҳриф ва таҳқир шудааст?

Посух: Дар китобҳое, ки то солҳои навадум нашр шудаанд, аз рӯйи мавқеъи идеологӣ баъзе таҳрифҳо ва нодурустбарории хулосаҳо мушоҳида мешаванд. Дар китобҳое, ки солҳои баъдӣ эҷод шуданд, метавонад баъзе муболиғаҳо аз нигоҳи миллӣ вуҷуд дошта бошад. Лекин онҳо на ба нияти инкор кардани бузургии Ислом ё бар зидди Ислом нигаронида шудаанд. Гумон намекунам, он муаллифонеро, ки ҷаноби Тӯраҷонзода таҳти танқид қарор додааст, мавқеъи зиддиисломӣ дошта бошанд.

Пурсиш: Агар пешниҳодҳои ҷаноби Тӯраҷонзодаро ҳам хондед, пас, гуфта метавонед, ки то куҷо ин пешниҳодот барои аз миён бурдани чунин баҳсҳо дар кишвар “хидмат” мекунанд?

Посух: Ба назари ман, ин пешниҳодҳои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода барои пайдо кардани як мавқеъи созишкорона ва ваҳдати рӯҳониёну рӯшанфикрони тоҷик такконе мешавад. Ва ин ваҳдат боъиси таълифи китобҳои хуб, чи аз нигоҳи муҳаққиқон ва чи аз нигоҳи рӯҳониён, мегардад. Вале ҳамаи пешниҳодҳоро дар шакле, ки ҳаст қабул кардан аз имкон берун аст. Зеро аз баъзе пешниҳодҳо бӯйи сензура меояд...

Пурсиш: Масалан, кадом пешниҳодҳо?

Посух: Мушаххасан, ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд, ки бояд куллия китобҳое, ки ба таърих, аз ҷумла таърихи Ислом алоқаманданд, аз зери назари рӯҳониён ва фақеҳон гузаранд. Ин пешниҳодест, ки қабул карданаш чандон саҳл нест. Зеро ин як навъ талош барои ҷорӣ кардани сензура аст. Изофа ба ин, мегӯянд, бояд китобҳои дарсии марбут ба адёнро бояд онҳое нависанд, ки тарбияи динӣ дидаанд ва ё дар муҳити динӣ бузург шудаанд. Ин як навъ манъкунӣ нисбат ба дигарон аст. Бо ин пешниҳод низ розӣ буда наметавонам...

XS
SM
MD
LG