Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобҳои тозанашр - аксаран динӣ ва суфиёна


Дар Тоҷикистон дар се моҳи ахир 23 номгӯ китоб бо теъдоди 90 ҳазор нусха чоп шудааст, ки бештари он динӣ ва зиндагиномаи адибони сӯфимашраб аст.

Ба ҳамин тартиб нашриёти «Ирфон», ки аз нашароти бонуфузтарин маҳсуб меравад, танҳо кутуби динӣ чоп кардааст. Ҷӯрабой Шарипов, раиси нашриёти мазбур мегӯяд, 3 номгӯй китоби диниро ин муассиса бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр кардааст.

Нашриёти «Маориф» - яке дигар аз нашароти, ба масал, ҷиддии кишвар осори клоссикон, зиндагиномаву панду андарзҳои шуарои сӯфимашрабро бо теъдоди 8,5 ҳазор дона ба дасти чоп додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи Наҷмиддин Зайниддинов, раиси нашрия, ин муассиса тасмим дорад низ чанд китоби динӣ нашр кунад.

Мирзшоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, дар тӯли 3 моҳи ахир нашароти зертобеъи ин вазоратхона ба маблағи беш аз 78 ҳазор сомонӣ китоб нашр кардаву ҳудуди 40 ҳазор сомонӣ китобро ба фурӯш задаанд.


Коршиносон мегӯянд, замони ахир маҳз бозори китоби динӣ гарм аст ва таваҷҷӯҳи мардум ба онҳо афзудааст. Онҳо меафзоянд, нашароти расмии кишвар ҳамакнун, ба масал, бо як тир ду фохтаро шикор мекунанд. Аз як сӯ китобҳои исломӣ, ки нашр мешаванд, дар бастагӣ ба мӯҳтавову мунадариҷа такя ба аркони мазҳаби суннӣ доранд, ки ғолибан ҷамъияти мусалмони Тоҷикистон аз он пайгир аст, ва ин адабиёт як ангезае бар қиболи адабиёти иртоҷиоъии дигар ҳаракатҳои тундрави тозазуҳӯри исломист.

Ҳам аз сӯе бозори ин кутуб гарм аст, зеро мардум ба ин адабиёт таваҷҷӯҳи бештар дорад ва нашарот аз чоп ва фуруши он даромад ба даст меоранд.

XS
SM
MD
LG