Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паём ва ҳушдори Раҳмон ба мардум


Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз зуҳури гурӯҳҳои мазҳабие дар ин кишвар ҳушдор додааст, ки ба гуфтаи вай, афкори бегона ва хатарнокро ба мардум таҳмил мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон зимни табрики миллати Тоҷикистон ба муносибати Иди Қурбон гуфтааст, баъзе гурӯҳҳову афрод ақидаҳоеро тарғиб мекунанд, ки ба арзишҳои анъанавии мазҳаби мардуми Тоҷикистон мувофиқат намекунанд. Ба гуфтаи вай, ин падида тавре дар солҳои 90-ум шуда буд, метавонад, сабаби мухолифат ва тафриқа дар ҷомеа шавад. Дар Тоҷикистон, ки аксарияти мардум пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошад, афзоиши пайравони мазҳаби сахтгири Салафия нигаронии рӯҳониён ва ҳукуматро барангехтааст.
XS
SM
MD
LG