Вашингтон мувофиқати Шӯрои президентии Ироқ бо Созишномаи мақоми нирӯҳоро чун қадаме барои бунёди равобити қавӣ ва дарозмуддати миёни ду кишвар ситоиш кардааст. Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед аз номи раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ин ду созишномаи фавқулодда муҳим дастовардҳои демократии чанд соли охири Ироқро тақвият бахшида, ба манфиати истиқлолияти Ироқ хизмат мекунад.
Носир Аланӣ, як мақом дар дафтари раёсатҷумҳурии Ироқ дар Бағдод гуфт, шӯрои президентӣ ҳеҷ як ҷумлаи матни Созишномаи мақоми нирӯҳоро, ки аз ҷониби парлумон ба тасвиб расидааст, иваз накард. Ин қарордод масъулият ва ҳуқуқи нирӯҳои амрикоиро дар хоки Ироқ баъди анҷоми мандати СММ дар ин кишвар охири соли ҷорӣ ба танзим медарорад. Санади мазкур аз нирӯҳои амрикоӣ тақозо мекунад, ки то охири соли 2011 қаламрави Ироқро тарк кунанд. Инчунин, тибқи созишномаи мазкур, низомиёни амрикоӣ бояд то охири июни соли 2009 аз манотиқе, ки дар он мардуми зиёд зиндагӣ мекунанд, берун шаванд.
Аз оғоз санади мазкур як хусусияти баҳсбарангез касб карда буд, ки моҳҳои тӯлонӣ сиёсатмадорони ироқиро машғул нигоҳ медошт. Ниҳоят парлумон ноябри имсол онро пазируфт. Ва акнун зери ин санад бояд худи раисҷумҳур Ҷалоли Толибонӣ ва ду муовини вай имзо гузоранд, то ки ин санад ба ҳукми иҷро дарояд.
Бо назардошти баҳсҳои шадиди атрофи қабули чунин як созишномае, ки мақоми нирӯҳои амрикоиро муайян мекунад, қарор шудааст, ки то июли соли 2009 ҳукумати Ироқ як раъйпурсии ҳамагониро дар миёни мардум роҷеъ ба ин қарордод баргузор кунад. Дар ин замина, Дана Перино афзуд, ки ИМА омода аст, баробари истиқрори субот ва дастёбӣ ба пешравиҳо дар заминаи амният ва демократия нирӯҳояшро аз хоки Ироқ берун кашад. Гордон Ҷондро, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ИМА гуфт, президент Ҷорҷ Буш дар як сӯҳбати телефонӣ ҳамтои ироқиашро барои заҳматҳои шахсан кашидааш дар самти қабули созишномаи амниятӣ сипозгузорӣ кардааст.
Кай шумо да давлати точик диден ки ягон милиса ё ягон камандирро ба чазо кашидаанд.Милисахо ва офисерони кисмхои харби бояд моро аз душман ва чинояткорон мухофизат кунанд, лекин онхо моро чун душману чинояткор озору шиканча медиханд. Вакту соаташ мия хама чиз пусу пос дора.
1'Пешгирӣ аз пулшуйӣ ва сармоягузории 2,Беҳбуди вазъи муҳоҷирин ва хонаводаи онҳост.Мамедони бихандӣ ва ë бигирйӣ?!Аввалан пул ба Тоҷикистон интиқол меëбад на баръакс.Пас чаро ин пулшуйи будааст?Имруз,ки дар Тоҷикистон ба ҷуз кудакону куҳансолон дигар ҳама дар муҳоҷирати корианд.Пас ин маблағе,ки муҳоҷирин интиқол медиҳанд бар ин кудакону пиронсолон магар уно террористанд,ки муҳоҷирин унора маблағгузорӣ мекунанд.Аз кадом беҳбудии вазъи муҳоҷирин сухан мекунед,ки у чанд рузаст,ки ҳайрону саргардон наметавонад пул интиқол диҳад.Кудом беҳбуди?Дигар чун солҳои пешин муҳоҷир барои интиқоли пул бевосита назди бонкҳо меравад ва чун ҳамеша дар унҷа ҳамчу дом пулис интизор аст.Инаст вазъи беҳбуди муҳоҷирин?,,,,,
Ортики Кодир мохи марти соли2020-ум насиб бошад шастсола мешаванд. Худо умраш ,тану чонаш, рузгори ободаш хамеша дар амон бошад. Ба хар мартабае,ки расидааст бо захмату истеъдоди худододаш расидааст. Баъди шодравон Махмудчони Вохид бехтарин суханвар,бехтарин хунарпеша дар дилу дидаи мардум чой гирифтааст.Сарбаланду саодатманд бош дуст, бародар.
Барои чи командири қисми харби нигоҳ намекунад??? Замполити раёсати хатлон Муллоев Муллогадо Боқиевич бисёр хуб метавонад, ки ҷинояткорро ёбад, зеро ӯ бисёр таҷрибаи калон дорад. Ёбед он касеро, ки ба ин ҳол овардааст ин сарбозро. Бисёранд афсарони ҳаромхур, ки сарбозро маҷбур мекунанд, ки ҳар чиз харида биёрад. Бигузор 8 сол не 20 сол диҳанд ҷинояткорро. Ин сарбоз дига илоҷ наёфтааст, ки ба чунин кор маҷбур шудааст. Радиои озоди илтимос ҳаминро чоп кунед.
Локин ман шохиди он шудам ки сарбозон ва афсарон дар яке аз кисмхои харбии дар сугдбуда мисли як оила хастанд!