Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ


Бағдод, 24-уми ноябри соли 2008
Бағдод, 24-уми ноябри соли 2008

Охири соли равон муҳлати қатъномаи ША СММ ба поён мерасад ва Муоҳидаи амниятии миёни Ироқ ва ИМА имкон медиҳад, ки 150 000 сарбози амрикоӣ то охири соли 2011-ум дар Ироқ мустақар бошанд.

Созиши мазкур баъди ҳашт моҳи музокироти Вашингтон ва Бағдод ба даст омадааст ва бар пояи он ироқиҳо бештар аз хостаашонро касб мекунанд.

Бар пояи ин созиш, сарбозони амрикоӣ то 30-вуми июни соли 2011-ум аз шаҳрҳо ва то 1-уми январи соли 2012 аз кулли хоки Ироқ комилан берун мешаванд. Ҳамчунон тибқи ин муоҳида ироқиҳо имкон меёбанд, фаъъолиятҳои низомиёни ИМА-ро назорат кунанд. Феълан сарбозони амрикоӣ дар қаламрави Ироқ бар пояи ваколати СММ буда, озодии бештар доранд.

Дар арафаи овоздиҳӣ пешвои мусулмонони шиамазҳаби Ироқ оятуллоҳ Алии Систонӣ гуфт, муоҳида дар ҳоле салоҳият хоҳад дошт, ки онро аксари кулли вакилони мардумӣ дастгирӣ намоянд. Дар Шӯрои иборат аз се нафар: президенти Ироқ Ҷалоли Толабонии курд, ноиб-президенти суннимазҳаб Ториқ ал-Ҳошимӣ ва ноиб-президенти шиамазҳаб Одил Абдулмаҳдӣ ҳар яке ҳаққи ветогузорӣ дар ихтиёр дорад.

Моҳҳои ахир дар Ироқ мизони хушунат коҳиш ёфтааст, вале ҳамлаҳо ҳанӯз хотима наёфтаанд.

Рӯзи чоршанбеи 26-уми ноябр чанд соат пеш аз овоздиҳӣ дар маркази Бағдод маводди тарканда мунфаҷир шуда, 2 мардро ба ҳалокат расонид. Назар ба иттилоъи пулис, ҳадафи ҳамла як автобуси хурд буд.

Мунаққидони идомаи низоъ дар Ироқ ва ҳузури сарбозони иамрикоӣ дар ин кишвар мегӯянд, ки амалиёти Ироқ дороии ИМА-ро коҳиш дода, эътибори ин кишварро дар арсаи байнулмилалӣ аз байн мебарад. Нишасти рӯзи чоршанбе бо таъхир ифтитоҳ ёфт, зеро вакилонмаи мардумӣ дертар ҷамъ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар минтақаи Сабзи Бағдод нерӯҳои иловагии пулис ва хадамоти амниятӣ ҷойгир шуданд.

XS
SM
MD
LG