Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фардо рӯзи дафни усқуф Алексий муайян мешавад


Рӯзи ҷумъа пешвои калисои ортодокси Русия Алексии II дар синни 79 солагӣ вафот кард.

Усқуф Алексий дар соли 1990 пешвои 200 миллион пайрави калисои ортодокси насронӣ интихоб шуда буд.

Рӯзи ҷумъа президенти Русия Дмитрий Медведев дар Ҳиндустон буд. Дафтари матбуотии Медведев гуфт, ки охири ҳафтаи равон президенти Русия мебоист ба Италия сафар кунад, вале ӯ ба Маскав бармегардад.

Сарвазири Русия Владимир Путин фавти Алексийро "хасороти бузург" номид. Собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев ба наздикону пайравони Алексий таъзия баён кард.

Рӯзи шанбе шӯрои калисои ортодокси Русия ҷаласаи фавқулода доир намуда, маросими дафни усқуфи аъзамашро муайян мекунад.

Алексии II бузургтарин монеа дар наздикшавии калисои ортодокси Русия бо калисои католики Ром арзёбӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG