Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон талаби истирдоди террористҳоро рад кард


Исломобод талаби Деҳлӣ барои истирдоди афродеро, ки дар ҳамлаи террористӣ ба шаҳри Мумбай гумонбар мешаванд, рад кард. Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии СNN гуфт, ки тибқи қавонини кишвар. дар сурати ошкор шудани узвияти шаҳрвандони Покистон дар гурӯҳҳои террористӣ, онҳо аз сӯи додгоҳҳои кишвар муҷозот хоҳанд шуд. Дирӯз мақомоти Ҳиндустон феҳрист бо ному насаби беш аз 20 гумонбари ҳамла ба шаҳри Мумбайро ба Исломобод пешниҳод карданд – гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар қаламрави Покистон ба сар мебаранд.

Имрӯз Кондализа Райс, Котиби давлатии ИМА ба хотири мусоидат дар коҳиши шиддати авзоъ миёни Ҳиндустон ва Покистон вориди Деҳлӣ шуд. Бар асари ҳамла ба истгоҳи роҳи оҳан, ду меҳмонсарои бузург, тарабхона, бемористон ва Маркази яҳудиён дар Мумбай тақрибан 180 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG