Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунсо шудани фаъолияти 12 гурӯҳи скинҳед дар Русия


Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, дар соли ҷорӣ танҳо дар шаҳру вилояти Маскав ва Санкт-Петербург фаъолияти 12 гурӯҳи ҷавонони қавмгаро хунсо шудааст. Юрий Коков, раҳбари идораи мубориза бо ифротгароӣ дар вазорати умури дохилаи Русия гуфт, 59 узви боздоштшудаи ин гурӯҳҳо дар маҷмӯъ дар 46 ҷиноят, аз ҷумла 34 куштор, 2 қасди куштор ва 10 ҳамлае, ки дар 3 маврид низ мунҷар ба ҳалокати афрод шудааст, айбдор мешаванд. Коков афзуд, 14 шаҳрванди Тоҷикистон, 10 тан аз Узбакистон ва 6 шаҳрванди қирғизу 4 озарӣ, ва ҳамин тавр, як шаҳрванди Туркияву 10 шаҳрванди худи Русия, ки қиёфаи ғайриславянӣ доштаанд, ҳадафи ҳамлаи аъзои ин 12 гурӯҳ қарор гирифтаанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тайи соли равон дар Русия 269 мавриди ҳамла дар заминаи адовати қавмиву нажодиро сабт карда мегӯянд, бар асари ин ҳамалот имсол 114 нафар, умдатан муҳоҷирини хориҷӣ, кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG