Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Бонки ҷаҳонӣ барои нерӯгоҳи Помир-1


Имрӯз, 27-уми ноябр, вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Кяра Бронки як санаде имзо карданд, ки тибқи он, Бонки ҷаҳонӣ барои таъмиру барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Помир-1 дуввуним миллион доллар қарз хоҳад дод.

Нерӯгоҳи барқи обии Помир-1 таъминкунандаи аслии вилояти Бадахшон бо қувваи барқ мебошад ва моҳи феврали соли гузашта он бар асари обхезӣ зарари ҷиддӣ дида буд.

Имзои ин санад дар ҳоле сурат мегирад, ки раиси бахши минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Аннет Ҷексон боздиди дурӯзаи худ аз Тоҷикистонро ба поён мерасонад. Ин сафари Аннет Ҷексон ба Осиёи Марказӣ дар остонаи гузаштани ӯ ба вазифаи дигар дар Бонки ҷаҳонӣ сурат мегирад ва сафари видоъӣ унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG