Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ёрӣ дар барчидани минаҳо


Дар нишасти байнулмилалӣ бахшида ба маҳви минаҳои зидди афрод дар шаҳри Женева Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост намуд, манъи ҳамаҷонибаи минаҳои зидди пиёдагардро дастгирӣ намоянд.

Бар асари таркиши минаҳои зидди афрод дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон дар тӯли ҳашт соли гузашта камаш 80 нафар ба ҳалокат расида, 93 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд ва мутаассифона ин рақам ниҳоӣ нест. Аз ин рӯ, дар нишасти Женева Тоҷикистон кишварҳои оламро ба тасвиб ва иҷрои Конвенсияи Оттава ташвиқ намуд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ узви ҳайъати Тоҷикистон Фарҳод Салим гуфт, Тоҷикистон тарафдори манъи ҳамаҷонибаи минаҳои зидди пиёдагард дар саросари олам буда, тамоми кишварҳоро даъват мекунад, ки бар зидди ин аслиҳаи марговар кӯшиши иловагӣ харҷ намоянд.

Соли 1999 бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз убури ҷангҷӯёни исломӣ ба қаламрави Узбакистон ин ҷумҳурӣ марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ намуд, аммо тавре ба назар мерасад, аз ин иқдом фақат мардуми осоишта азият мекашанд.

Тоҷикистон мегӯяд, аснои аломатгузориву ташхиси марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон камбудии зиёд ҷой дошт. Аз ин рӯ, барои бисёре аз сокинони манотиқи наздимарзӣ ҷамъи ҳезум, поидани чорво ва ё сайр ба фоҷеа табдил ёфтааст. Коршиносон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки бахше аз майдонҳои минаи Узбакистон аслан дар қаламрави Тоҷикистон бошанд, вале мақомоти Тошканд аз тақдими харитаи майдонҳои мина ба ҷониби Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳақиқат барчидани минаҳо ҷой дошт, вале баъди муддате майдонҳои мина аз нав кошта шуданд ва барои мисол дар ноҳияи Панҷакент таркишҳои нави минаҳои зидди пиёдагард ба қайд гирифта шуданд.

Моҳи июни соли 2004-ум дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА намояндаи расмии Узбакистон гуфта буд, ки Тошканд ба барчидани минаҳо дар марзаш бо Тоҷикистону Қирғизистон омодааст. Як сол пас аз он ҷониби Узбакистон иттилоъ дод, ки дар самти вилояти Сурхондарё 20% майдонҳои минаро хунсо кардааст.

Эмил Ҳасанов, нозири муассисаи безараргардонии минаҳо бо номи Федератсияи безараргардонии минаҳои Швейтасария, ки яке аз сармоягузорони барчидани минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон аст, дар ин маврид мегӯяд, ба назар мерасад, мушкилӣ рафъ нагардидааст, зеро гузоришҳо дар бораи ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта бар асари қадамгузорӣ дар майдонҳои мина пахш шудааст.

Федератсияи безараргардонии минаҳои Швейтасария ҳамчунин дар безараргардонии минаҳои меросмонда аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони Шӯравӣ, яъне марзи Тоҷикистон бо Афғонистон саҳмгир аст. Ҳасанов таъкид мекунад, ки Тоҷикистон ягона ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар ташаббуси СММ пиромуни безараргардонидани майдонҳои мина ва умуман, маҳви минаҳои зидди афрод бо меъёрҳои байнулмилалӣ фаъолият пеш мебарад, Ӯ ёдовар шуд, ҳатто дар Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон аз майдонҳои мина дар марз бо Узбакистон азият мекашад, танҳо мақомот машғули безараргардонии майдонҳо буда, созмонҳои шаҳрвандӣ саҳме надоранд.

Раиси идораи Ҳилоли аҳмар дар ноҳияи Рашт Заробуддин Сироҷов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки амалиёти огаҳсозии мардум ва барчидани минаҳо бо камбуди имконот мувоҷеҳ аст. Ӯ афзуд, ки дар амалиёт довталабҳо иштирок мекунанд. Онҳо на маош мегиранду на чизи дигаре, вале рафтуомад ба кишлоқҳои дурдаст душвор аст.

Ба тасдиқи ин гуфтаҳои Заробуддин Сироҷов ҳам, Фарҳод Салим аз ҳайъати Тоҷикистон дар нишасти Женева ва ҳам нозири Федератсияи безараргардонии минаҳои Швейтасария Эмил Ҳасанов ёдовар шуданд, ки шояд Тоҷикистон ба иҷрои саривақтии тақозои созиши Оттава муваффақ нашавад.

Рӯзи душанбеи 24-уми ноябр дар шаҳри Женева ҳайъатҳои кишварҳои мухталифи олам ва созмонҳои байнулмилаливу ғайридавлатӣ бори 9-ум ба хотири арзёбии татбиқи Созиши манъи истифодаи минаҳои зидди афрод (The International Campaign to Ban Landmines ё худ ICBL) ҷамъ шуданд. Дар изҳорот ҳамоҳангсозони татбиқи Созиши манъи истифодаи минаҳои зидди афрод мегӯянд, ҳатто баъди 11 соли имзои ин санад кишварҳо захираи минаҳоро маҳв накардаанду мардуми аз таркиши минаҳо ҷароҳат бардошта, мунтазири муолиҷаву кwмак ҳастанд.

Дар нишасти феълӣ аризаи 18 кишвари шарики созиш

(Юнон, Туркия, Беларус, Босния, Британия, Чад, Хорватия, Дания, Эквадор, Урдун, Мозамбик, Никарагуа, Перу, Сенегал, Тайланд, Венесуэла, Яман ва Зимбабве) баҳс мешавад, ки дар иҷрои саривақтии бандҳои он, яъне поксозии майдонҳо ва маҳви захираи минаҳои зидди афрод ноком будаанд. Дар изҳороти ҳамоҳангсозони татбиқи созиш номи се кишвар Юнон, Туркия ва Беларус алоҳида зикр шудааст, ки мебоист то 1-уми марти соли равон аз 6 миллион минаи зидиафроди амборҳои низомиашон халос мешуданд ва ин минаҳо дигар ҳаёт ва ё аъзои бадани инсонро аз байн намебурданд.

Созиши манъи истифодаи минаҳои зидди афрод соли 1997 дар пойтахти Канада ҳосил шуда, бо номи Созиши Оттава маъруф аст. Худи ҳамон соли 1997 "Ташаббуси манъи истифодаи минаҳои зидди афрод" ба ҷоизаи сулҳи Нобел муваффақ шуда буд. Ҳоло 156 кишвар созишро имзо карда, 39 мамлакатии дигар аз вуруд ба он худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG