Ба гуфтаи масъулини маркази минрубии Тоҷикистон аз ибтидои соли равон то кунун ин севумин маврид бархурди минрубон бо минаҳои коргузошта аст, ки кушта мешаванд. Дар тобистони соли равон як кормандир аёсатиминрубииТоҷикистондарҳаминмайдониминаиноҳияиРудакӣвақаблазонҳамдармарзиТоҷикистонбоАфғонистонякминрубифаронсавӣнизкушташуд.
Дар Тоҷикистон то феълан 25 миллион метрии мураббаъ замин чун мерос аз ҷанги дохилӣ аз мина покношуда боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки, масъулини маркази минрубӣ бархурди минрубон ба минаро аз беэҳтиётӣ унвон мекунанд, коршиносони мустақил мегуянд, иллати аслии номуваффақии гуруҳҳои минрубӣ ва ба минаҳо бархурд кардани онҳо мавҷуд набудани нақшаи майдонҳои минкоришуда мебошад.
Маҳдии Собир - сарҳанги мустафии нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин замина мегуяд, мушкил дар он аст, ки харитаи ин майдонҳо мавҷуд нест. Ҳар кас дар ҳар куҷое, ки мехост мина мегузошт.
Майдонҳои мина дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон мероси ҷанги дохилӣ ва амали дасти нируҳои давлат ва мухолифини мусаллаҳи собиқи он мебошанд. Аммо навори марзии шимоли кишвар бо Узбакистон низ аз ҷониби марзбонони узбак минакорӣ шудааст, мақомоти узбак ҳадаф аз онро ҷилавгирӣ аз вуруди аъзои мусаллаҳи ҲИУ унвон мекарданд. Ҷониби Узбакистон низ дар чанд моҳи пеш аз иқдоми худ дар ҷиҳати хунсо кардани ин майдонҳои мина иттило дод. Аммо то кунун бар асари бархурд ба мина дар ин майдонҳо 71 нафар кушта ва 84 нафари дигар низ маҷруҳ шудааст.
Тоҷикистон бар асоси тааҳҳуде, ки тибқи конвенсияи Оттава бар душ гирифтааст, бояд тамоми майдонҳои минаро то соли 2010 поксозӣ кунад. Аммо коршиносон дар ин муддат поккорӣ шудани майдонҳои минаи боқимондаро ба далели адами мавҷудияти нақшаи майдонҳо ва камбуди молӣ ва мутахассисон ғайри мумкин медонанд.
Ба дузди мутахахам авф мешудасту мо ки 55 сомон андоз буд 109 сомон шид. Офарин ба шумо
И хукумати худкомаи рахмонуф лубой тухмату бухтонда устухон надора. Наход барои ичозати митинг 15 зиндон????
Ба Беном: Ту худат киӣ, ки аз номи Аллоҳ гап мезанӣ, магар бо Вайбер бо Аллоҳ гап задӣ?????
Дар чумхурии мо мардум дар азобан аз паси пасандозшон. Албата хайрон мешавед. Ба монанди Точиксодиротбонк ва Агроинвестбонк ки аз беназорати ва хешутаборбози милиардхои мардум ба ягмо рафт. Боз рохат дар хамонхо пули мардумро хурданду гурехта ба Россияю дигар давлатхо рафтанд боз рохат карда гаштиян. Ин халки мо дар азоб. Ягон кас парвои халка надора. Аз хисоби мухочират дар Россия пул чам карда оварда пасандоз кардан ки дар очнда даркор мешава. И раисои бонкхои мо аз хисоби мухочирон миллионер шуданд. Дар хами Точикистон кор куни дар як сол 100$ пасандоз карда мешавад??????????????????
Чи кунем акнун дар насибамон ҳамин хел сарвари динситез будаст. Сабр ва дуо кардан даркор.