Шаби 17 ба 18 сентябр сокини 35-cолаи деҳаи Ҷонбулоқи ҷамоати Косатароши ноҳияи Панҷакент Амон Тӯраев дар марзи Тоҷикистону Узбакистон, дар тақрибан 80-километрии Панҷакент дар мавзеъе бо номи Қарокамар, дар шафати кӯҳи ҳазрати Султони деҳаи Моғиён бо мин бархӯрд ва таркид.
Амон Тӯраев чӯпон буд ва ба он мавзеъ барои чаронидани чорво рафта буд. Ду рафиқи дигари ӯ зарар надидаанд.
Дар соли ҳолӣ ин 57-умин одамест, ки дар мина таркид ва 37 –умин нафарест, ки дар пайи таркиш бо мин ҷони худро аз даст дод.
Қитаъоти заминҳои баҳсӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Узбакистон дар авохири навадум авоили дуҳазорум аз ҷониби Узбакистон минкорӣ шуда буданд.