Президенти тозаинтихоби Амрико, Барак Обама, аъзои асосии дастаи иқтисодии худро эълон кард. Тавре ки интизор мерафт, Тимотӣ Гейзнер, сардори бахши Бонки марказии Амрико дар Ню Йорк, вазири молия ва Лоуренс Саммерс, ки дар давраи президент Билл Клинтон вазири молия буд, мудири Шӯрои милии иқтисодӣ таъин хоҳанд шуд. Обама гуфт, вазифаи аввал таҳияи маҷмӯъи умури ангезанда аст, ки битавонанд, дуним миллион шуғл эҷод кунанд. Обама, рӯзи бистуми январи соли 2009 ба ҷои Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико хоҳад шуд.