Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавез аз омадани киштиҳои Русия хабар дод


Раисиҷумҳури Венесуело Ҳуго Чавез мегӯяд, размнов ё киштиҳои ҷангии Русия ба зудӣ вориди халиҷи Кариб мешаванд, то дар размоишҳои мушатарак ширкат кунанд. Раҳбари Венесуело замони вуруди размновҳои Русия мушаххас накард, вале гуфт, ин ҳодиса то охири ҳафта иттифоқ хоҳад афтод. Ин аз давраи Ҷанги Сард нахустин бор аст, ки киштиҳои ҷангии Маскав ба ин соҳилҳо мерасанд. Русия чаҳор размнови худ, аз ҷумла киштии атомии "Петри Кабир"-ро ба минтақа фиристодааст.
XS
SM
MD
LG