Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯафтии амиқи шохисҳои иқтисодии Амрико


Нархи саҳмияҳо дар Иёлоти Муттаҳида ба поинтарин сатҳ дар 5 соли охир афтод. Аввалин бор аз соли 2003 ба ин сӯ шохиси Доу Ҷонс, ки нишондиҳандаи миёнаи саноатӣ дар Амрикост, аз нуқтаи 8000 поёнтар омад. Фурӯоӣ дар ҳоле иттифоқ афтод, ки Бонки марказии Амрико пешбинии рушди иқтисодӣ дар соли 2009-ро коҳиш дод ва гуфта мешавад, афтиши шохисҳо ҳамчунин вокуниши бозори саҳҳом ба қабул нашудани тарҳи кӯмаки 25 миллиард долларӣ ба соҳаи мошинсозии Иёлоти Муттаҳида аст.
XS
SM
MD
LG