Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ағбаи Хайбарро мебандад


Як мақоми покистонӣ гуфт, ин кишвар ҳаракати мошинҳои ҳомили маводи сӯхт ва контейнерҳои сарбамӯҳр тавассути шоҳроҳи асосӣ ба Афғонистонро муваққатан манъ мекунад. Ассошиэйтед Пресс аз қавли Бахтиёрхон, як мансабдори покистонӣ навишт, ки ағбаи Хайбар ба далоили амниятӣ, вале барои як муддати хеле кӯтоҳ баста мешавад. Аммо ин иқдом метавонад ба ҷараёни таъмини нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон таъсири манфӣ гузорад. Ин дар ҳолест, ки ҷангиён чанд рӯз қабл дар Хайбар беш аз 10 мошини ҳомили аз ҷумла ҷипҳои Humvee барои нирӯҳои таҳти фармони Амрико дар Афғонистонро рабуданд.
XS
SM
MD
LG