Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт алайҳи ҷангиёни Ҳаққонӣ дар Пактиё


Нирӯҳои Амрико мегӯянд, нирӯҳои эътилоф дар ҷараёни як амалиёт алайҳи як коргоҳи бамбсозӣ дар вилояти Пактиё, дар шарқи Афғонистон, 10 ҷангиро ба ҳалокат расонданд. Нирӯҳои Амрико мегӯянд, ҳадафи амалиёт шабакаи чирикии таҳти раҳбарии Ҷалолуддин Ҳаққонӣ будааст. Амрико дар замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳаққониро як дафъа ҳамчун “сарбози озодӣ” таъриф карда буд, вале акнун, тавре ба назар мерасад, Ҷалолуддини Ҳаққонӣ бо Толибон пайвастааст.
XS
SM
MD
LG