Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли сарбозони амрикоӣ аз тири сарбози ироқӣ


Ҳарбиёни Амрико дар Ироқ мегӯянд, як сарбози ироқӣ ду сарбози амрикоиро ба зарби гулӯла кушта, шаш сарбози дигарро захмӣ кардааст. Фармондеҳи амрикоӣ мегӯяд, ҳамла замоне қатъ шуд, ки сарбози ироқӣ аз тири амрикоиён ба ҳалокат расид. Ҳодиса дар ҳавлии пойгоҳи муштараки ҳарбии Амрико ва Ироқ дар Мавсул ба амал омад. Генерали амрикоӣ Марк Ҳертлинг мегӯяд, ҳамла бо омодагии пешакӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳертлинг гузориши ироқиҳоро, ки хархашаи миёни сарбозон сабаби ин фоҷиа гаштааст, рад кард.
XS
SM
MD
LG