Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово шартҳои Сербистонро радд кард


Раҳбарони Косово шартҳои Сербистон дар мавриди фаъолияти ҳайъати пулис ва додгоҳи ИА дар шимоли умдатан сербнишини ин кишварро радд кард. Раисиҷумҳури Косово Фатмир Садию ва сарвазир Ҳошим Тоҷӣ тақозои Белград ҷиҳати назорат бар ниҳодҳои пулису гумрук ва додгоҳҳои минтақаҳои сербнишини Косовро ғайриқобилиқабул номиданд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл як намояндаи баландпояи ИА гуфта буд, ин созмон шояд шартҳои Сербистонро дар мавриди таҳти дастури Шӯрои Амнияти СММ амал кардан ва худро дар қиболи эъломи истиқлолияти Косово бетараф гирифтани маъмурияти ИА бипазирад.
XS
SM
MD
LG