Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 90-уми хатми ҷанги якуми ҷаҳон


Имрӯз Аврупо солгарди навадуми поёни ҷанги аввали ҷаҳонро таҷлил мекунад. Раҳбарони қудратҳое, ки 90 сол қабл муқобили ҳам меҷангиданд ва акнун бо ҳам аҳди иттиҳод бастаанд, дар маросиме дар маҳалли Ҷанги Вердун, ки дар ҷанги аввали ҷаҳон иттифоқ уфтода, 300 000 кушта бар ҷой гузошта буд, гирди ҳам меоянд. Дар маҷмӯъ, аз соли 1914 то 1918, тайи 4 соли ҷанги аввали ҷаҳон Олмон 1,9 миллион, Русия – 1,7 ва Фаронса – 1,4 миллион қурбонӣ доданд. Хисороти ҷонии Австро-Венгрия дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ 1 миллион ва талафоти артиши Бритониё 760 000 сарбоз баровард шудааст.
XS
SM
MD
LG