Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими нави Иттиҳоди Аврупо дар мавриди Русия


Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, гуфтушуниди коршарикиро бо Русия аз сар мегирад. Ин раванд пас аз ишғоли Гурҷистон аз тарафи Русия дар моҳи август қатъ шуда буд. Тасмими эҳёи гуфтушунид дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел гирифта шуд. Аммо таъкид гашт, ки Иттиҳоди Аврупо мавзеъгирии хешро дар баробари рӯйдодҳои Гурҷистон тағйир надодааст ва амалкарди Русияро ғайриқобили қабул мешуморад. Латвия бори дигар мухолифати худро ба ин тасмим баён дошт, аммо иҷрои тасмим ба ризоияти ҳамаи 27 узви Иттиҳоди Аврупо ниёз надорад.
XS
SM
MD
LG