Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба аз саргирии музокирот бо Руссия розист


Азсаргирии музокироти Иттиҳодияи Аврупо бо Руссия дар мавриди қарордоди ҳамкорӣ аз ҳимояти бештар бархурдор шудааст. Ин музокирот моҳи сентябри соли ҷорӣ ба нишонаи эътироз алайҳи таҷовузи Руссия ба хоки Гурҷистон ба ҳолати таълиқ даромада буд. Дар эъломияи муштарак ҳукуматҳои Бритониё ва Суэд гуфтаанд, ки онҳо мехоҳанд бо Руссия ҳамкорӣ кунанд. Дар ин эъломия чанд масъалаи муҳим, аз қабили энержӣ, тағири иқлим ва тиҷорат ном бурда шудааст. Жан Асселборн-вазири хориҷаи Луксембург дар ин бора мегуяд:

"Агар музокирот дар бораи паймони ҳамкорӣ бо Руссия аз сар гирифта шавад, мо кореро намекунем, ки танҳо ба нафъи Руссия бошад. Мо чӣ мехоҳем? Мо мехоҳем ба муносиботи Руссияву Иттиҳодияи Аврупо чаҳорчубаи қонунӣ диҳем. Ин ба нафъи ҳар ду ҷониб аст".

Аммо Лаҳистон ва Литво ба оғози музокироти ҳамкорӣ бо Руссия мухолифат нишон додаанд ва гуфтаанд, Руссия таъаҳҳудоти худро дар бораи оташбас бо Гурҷистон риъоят накардааст. Ин оташбас бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ба даст омада буд.

XS
SM
MD
LG