Ахиран, раисҷумҳури кунунии Амрико Ҷорҷ Буш ваъда дод, ки интиқоли қудрат ҳамвор ва роҳат хоҳад буд. Обама дар суханрониаш аз тариқи радио пешниҳоди мусоидати Бушро ба интиқоли қудрат баҳои баланд дод ва гуфт, пас аз анҷоми интихобот ҷонибҳои мухолиф барои расидан ба як ҳадаф ва хидмат ба кишвар муттаҳид мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари ниҳоди вижаи Обама барои интиқоли қудрат Ҷон Подеста дар сӯҳбат бо хабаргузории “Фокс нюс” гуфт, Барак Обама омадан замон ба Кохи Сафед кӯшиш хоҳад кард, то дар зудтарин фурсат баъзе қарору фармонҳои ҳукумати Бушро бекор кунад.
Мушовирони Обама аллакай рӯйхати дастикам 200 қарору фармонҳои ҳукумати Бушро таҳия намудаанд, ки бояд лағв гарданд. Ҳамин тавр, сиёсати Кохи Сафед дар мавриди тағйири иқлим, пажӯҳишҳои ҳуҷайраҳои сутунмӯҳрагӣ, истихроҷи газ ва нафт ва ғ. бозбинӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, тағйирот дар бахшҳои бимаи тандурустӣ, молиёт ва дигар бахшҳои муҳим ба амал оянд.
Демократҳо дар айни ҳол ҳам Конгресс ва ҳам Сенати кишварро зери идораи худ доранд ва раҳбарияти ҳизби демократӣ дар Конгресс гуфтааст, дар нахустин ҳамоиши он тарҳи бастаи дуввуми ёриҳои молӣ ба аҳолиро, ки аз ҷониби ҳукумати Буш рад шуда буд, дубора мавриди баҳс қарор диҳанд.
Ба ақидаи таҳлилгарон, дар арсаи сиёсати беруна низ ислоҳот ба амал хоҳад омад.
Подшохе писар ба мактаб дод, Лавхи симин-ш ба канор ниход. Дар сари лавхи у навишт ба зар: Чабри устод бех аз мехри падар! Албатта, чунин рафтори омузгор боиси косташавии сифати тарбия аст, вале ин раванди хеле такмилёфтаи маъмули дар хар як мактаб аст. Дар хар сурат химча задани муаллима аз эркадории модари хонанда бехтар. Зеро бидуни хукму ихтиёри мо менталитети точикона хамин тавр будаву мемонад!!!
Мухтарам вазири маориф .аз шумо хохиш мекунем .ин муалимахо ронда шаванд .ин хел муалимахо дар сохаи маориф даркор нест .ин талабахо чихел аз ин муалимахо тарбия мегиран .
Бисёре аз подшохони дунё хамин тур хастан аз минбархои баланд мегуянд ки ман барои миллатам чонфидову дар хизматаш хастам аммо хамонрузе ки нофахмихо сар зад миллаташро мекушад хунашро мерезад ба хотири хифзи курсиву мансаб .....
мо аз узбекистон ворид шудем 240 сомони гирифтанд
Бояд устод сиёсат кунад аммо бо ин тарз не...