Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мерос"-и гарони Ҷорҷ Буш ба Барак Обама


Борак Обама, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико, 20-уми январ ба курсии президентӣ хоҳад нишаст.

Бисёре аз таҳлилгарон мегуянд, ки вай ҳам дар дохили кишвараш ва ҳам дар арсаи байнулмиллалӣ ба чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин чолишҳо бӯҳрони молӣ ва ҷанг дар Ироқу Афғонистон аст. Ва дар ин миён Русия низ ҳаст, кишваре, ки 5-уми ноябр раисиҷумҳураш Дмитрий Медведев суханронӣ кард ва суханони вай даврони ҷанги сардро ба ёд меовард. Обама бо ин чолишҳо ё душвориҳо чӣ хоҳад кард?

Бисёр аз таҳлилгарон мегуянд, ки Обама барои рафъи бӯҳрони молӣ ҳар чӣ зудтар бояд даст ба кор шавад. Ҳатто баъзеҳо пешниҳод мекунанд, ки Обама бояд зудтар вазири молияи худро муаррифӣ кунад ва вай дар ҳамкорӣ бо вазири кунунии молия ба такмили марҳалаи гузариш итминон ҳосил кунад. Аммо Лео Рибаффо, устоди таърих дар донишгоҳи Ҷеорҷ Вошингтон, ки ба таҳқиқи таърихи қарни 20-уми Амрико машғул аст, мегӯяд, Обама набояд дар ин кор аҷала кунад ва барои интихоби шахси муносиб барои худаш вақт диҳад. Рибаффо чунин назар дорад:

"Дар ҳоле, ки ин бӯҳрон нисбат ба бӯҳрони давраи баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум шадидтар аст ва барномаҳои наҷоти молӣ як сол давом мекунад, мо то ҳол намедонем, ки он то чӣ ҳад шадид хоҳад буд. Шояд иқтисод дар ду соли оянда дубора ба вазъи хуби пешин багардад. Ба ҳамин хотир шояд дар Конгресс муқовемати шадид ба вуҷуд ояд ва шояд дар мавриди оғози тарҳҳои аслӣ чунин кор дуруст аст".

Патрик Башам аз маркази мутолеъотии Вошингтон бо ин суханон розист. Вай мегӯяд, Амрико марҳалаҳои зиёди гузорро паси сар кардааст, ба ҳамин далел тасмимҳои фаврӣ, ба хусус дар марҳалаи душвориҳои молии кунунӣ, зарурат надорад. Ба гуфтаи вай, "Осмон дар ҳоли фурӯ рехтан нест". Шояд Обама ба наҳве барномаи ҷадиде муаррифӣ кунад ва билофосила нишон диҳад, ки вақтро бар ҳадар намедиҳад. То он вақт Обама метавонад бо масорифи федеролӣ ошно шавад, то битавонад сармоягузории тарҳҳоеро боло бубарад, ки, ба андешаи вай ва ҳамҳизбиёнаш, муҳимтар ба назар мерасад. Нуктаи дигар, ки давлати ояндаи Обама мехоҳад моҳе аз масорифи 10 миллирд доллар сарфаҷӯӣ кунад, воқеъан ба ин маънист, ки бояд ба ҷанг дар Ироқ хотима дод. Лео Рибаффо низ аз ин ақида ҷонибдорӣ мекунад:

"Ман мехоҳам ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ хориҷ шаванд. Вале пофишории ман ин аст, ки мураббиёни низомӣ ба унвони бахше аз қарордод бо ҳукумати Ироқ дар он ҷо боқӣ бимонанд, то замоне, ки суботу оромӣ дар он ҷо таъмин шавад".

Башам низ аз ин нукта ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ эътибори Амрикоро дар арсаи байнулмиллалӣ дубора боло мебарад. Вале дар мавриди Афғонистон нуктаи назар дигар аст. Башам мегӯяд, коҳиши ҳазинаи ҳузури нерӯҳо дар Афғонистон гарон тамом хоҳад шуд, ба ин далел Обама бояд ба ин кор муттаҳидони худро дар НАТО бештар ҷалб кунад.

Дар мавриди муносибот бо Русия таҳлилгар Стивен Пифер мегӯяд, бо омадани Ҷорҷ Буш бар сари қудрат муносибот бо Русия дар 8 соли гузашта сард шуд. Ҳоло Обама бояд ин муносиботро дар бахши контроли аслиҳа беҳбуд бахшад. Пиффер меафзояд, зарурате вуҷуд надорад, то Русия эҳсос кунад, ки онро бо паймони НАТО метарсонанд ва Обама бояд дипломатияро ба кор барад ва чунин равиш ба Маскав кӯмак хоҳад кард, ки масъаларо беҳтар дарк кунад.

XS
SM
MD
LG