Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Конго дар Кения баррасӣ мешавад


Дар як нишасти байнулмилалӣ дар Найробӣ, пойтахти Кения мавзӯъи бӯҳрон дар Ҷумҳурии демократии Конго мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин ҷаласа Дабири Кулл СММ Бан Ки Мун ва раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Африқо ширкат доранд. Бар асари низоъи қавмӣ дар шарқи Конго даҳҳо ҳазор нафар иҷборан манзили зисти худро тарк кардаанд. Айни ҳол ин минтақа ба бӯҳрони башарӣ мувоҷеҳ аст. Мақомоти Конго нерӯҳои посдори сулҳи СММ-ро, ки дар минтақаи низоъ мустақаранд, дар бефаъолиятӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG