Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси иттиҳодияи синфие барои муҳоҷирони тоҷик


Хабаргузории Интерфакс менависад, ки дар вилояти Свердловски Русия ҳуқуқи муҳоҷирони Тоҷикистонро, ки дар риштаи сохтмон машғули кор ҳастанд, як иттиҳодияи синфии касбӣ ҳимоят хоҳад кард. Василий Деркач, раиси ҷумбиши иттиҳодияҳои синфии вилояти Свердловск дар сӯҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфт, ки созмони онҳо ният дорад ба муҳоҷирони корӣ барои мубориза ба маоши шоистаи наздик бо моҳонаи шаҳрвандони Русия, кори ҳаштсоата, пардохти ҳаққи заҳмат барои кори изофагӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ мусоидат кунад. Вай афзуд, ки ҳоло талошҳо дар ин замина бо раҳбарони ҷамъияти тоҷикони Свердловск ба роҳ монда шуда, инчунин ҳадаф ва вазифаҳои ин ҷумбиш тавассути дигар ҷамъиятҳои мусалмонони ин вилоят ташреҳу тавзеҳ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG