Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон низомиёни Амрикоро ҳушдор дод


Артиши миллии Эрон ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додааст, ки қаламрави ҳавоии Эронро вайрон накунанд. Зимни як баёнияи расмӣ артиши Эрон гуфт, чархболҳои амрикоиро дар наздикии марзҳои кишвар мушоҳида кардааст ва дар сурати нақзи ҳарими ҳавоӣ нерӯҳои Эрон вокуниш нишон хоҳанд дод. Ин баёния ба думболи он нашр мешавад, ки моҳи гузашта нерӯҳои ҳавоии Амрико бо вуруд ба хоки Сурия як раҳбари ҳалқаи Ал-Қоидаро куштанд, ки ӯ ба Ироқ силоҳу ҷангҷӯёнро интиқол медодааст. Амрико мегӯяд, Эрон тундравони Ироқро омӯзиш дода ва бо силоҳу муҳимот таъмин мекунад. Ин иддаъоро Эрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG