Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Петреус аз Покистон дидан мекунад


Генерал Дейвид Петреус, фармондеҳи ҷадиди ситоди марказии артиши Амрико, ки масъулияти фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи душанбе дар Покистон як силсила музокирот анҷом дод. Генерал Петреус ҳамроҳ бо ёвари вазири хориҷаи Амрико Ричард Боучер, ки низ дар Исломобод ба сар мебарад, бо вазири дифоъ Чаудрӣ Аҳмад Мухтор ва дигар мақомоти Покистон мулоқот мекунад. Ин боздид дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити Вошингтон бо Исломобод ба далели ҳамлаҳои фаромарзии нирӯҳои Амрико болои паноҳгоҳҳои ҷангиён дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон дучори таниш шудааст. Покистон ин ҳамлаҳоро ҳамчун нақзи истиқлолияти худ маҳкум мекунад.
XS
SM
MD
LG