Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 10 нафари муттаҳам дар қатли Пуканич


Пулиси Хорватия мегӯяд, бо иттиҳоми даст доштан дар қатли хабарнигори маъруф Иво Пуканич 10 нафарро боздошт кардааст. Ба гуфтаи пулис, 8 муттаҳам хорват ва дуи дигараш серб буда, ба як гурӯҳи ҷиноӣ тааллуқ доштаанд. Иво Пуканич, сардабири ҳафтавори сиёсии “Насионал”, дар асари як сӯъиқасд рӯзи 23 октябр кушта шуд. Дар пайи ин куштор, Хорватия ва Сербистон ҷиҳати муборизаи муштарак алайҳи ҷиноёти созмонёфта тааҳҳуд карданд. Аз дирӯз дар тӯли шоҳроҳе, ки пойтахтҳои ин ду кишвар – Загреб ва Белградро ба ҳам мепайвандад, посгоҳҳои мусаллаҳи пулис мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG