Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума созишҳо бо Сухумӣ ва Схинвалро тасвиб кард


Вакилони Думаи давлатии Русия аз созишномаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ якдилона пуштибонӣ карданд. Ин санадҳо рӯзи 17 сентябри соли равон дар Маскав аз сӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва раҳбарони Абхазистону Осетияи ҷанубӣ Сергей Багапш ва Эдуард Кокойта имзо шуданд. Дар созишномаҳо омадааст, ки ҷонибҳо дар ҳоли зарурат ба ҳамдигар, аз ҷумла, кумаки низомӣ мерасонанд. Ҳамчунин шаҳрвандони ҳар кишвар имкони дарёфти шаҳрвандии дигар кишвари зери созиш имзо гузоштаро доранд.

XS
SM
MD
LG