Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи «Талко» ва «Ҳидро Алюминиюм»


Корхонаи алюминиюми "Талко" ва ширкати "Ҳидро Алюминиюм" дар мавриди таҳияи барномаи асосноккунии фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Шӯроб ба мувофақа расидаанд. Ин мувофақа дар чаҳорчӯби конфронсе дар мавзӯъи имконоти нави рушди энержӣ ба даст омадааст. Дар ин конфронс масоили рушди манобеъи нав ва аз лиҳози муҳитзистӣ безарари энержӣ баррасӣ шудааст. Дар кори конфронс ҳукумати Тоҷикистонро сарвазир Оқил Оқилов намояндагӣ кардааст. Дар он ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ иштирок намудаанд. Ҳокии ин хабар, Сайёҳат Қодирова, сухангӯи ширкати «Талко» мегӯяд, дар соли ҷорӣ ин корхона барои чорабиниҳои зистмуҳитӣ 19 миллион сомонӣ масраф кардааст.

XS
SM
MD
LG